Чанд соат қабл ба гӯши мо овозае расид, ки хоҳари Шабнами Сурайё, овозхони ҷавону овозадори тоҷик Фарзонаи Хуршед ҳини бозгашт аз як маърака ҳамроҳи продюссераш Баҳриддин Сабӯрӣ ба садамаи нақлиётӣ дучор гаштааст.
Ин хабари нохуш аҳли эҷоди сомонаи Оиларо сахт ба ташвиш овард. Барои фаҳмидани асли ҳодиса ва бохабар шудан аз вазъи саломатии ин ду эҷодкори хушзавқ мо ба продюссери Фарзонабону-Баҳриддини Сабур занг задем. Хушбахтона гӯширо худи Баҳриддин бардошт.
-Салом Баҳриддинҷон! Як хабари нохушро шунида, сахт ба ташвиш афтидем. Ҳолатон хуб аст?
-Ташаккур ба шумо, кормандони сомонаи Оила, ки нисбати ҳаёт ва саломатии мо, эҷодкорон бетараф нестед. Дар ҳақиқат, қариб монда буд, ки шоми дирӯз бо ҳаёт абадан падруд бигӯям, вале худованди меҳрубон маро нигаҳбон гашт.
-Мегӯянд, ки Шумо ва Фарзонаи Хуршед ҳангоми бозгашт аз кадом як маърака ба садама дучор гаштаед, рост аст?
-Не, Фарзона айни замон дар шаҳри Маскав аст. Ман бо Мино як таронаи навро машқ карда, ба сабти клип омодагӣ мегирифтем. Хушбахтона, ин ҳодисаи нохуш, баъди он ки Миноро ба хонаашон бурда мондам, ба вуқуъ пайваст ва ин овозхони ҷавон зарар надид.
-Садама дар куҷо ва бо айби кӣ сар зад?
-Ман ронандаи эҳтиёткор ҳастам, вале ҳангоми аз самти “Танк” ба самти “Текстилкомбинат” ҳаракат намудан чархи мошинам якбора канда шуд. Ин ҳолат бисёр хавфнок аст, зеро ҳамагон хуб медонанд, ки ҳаракат дар ин роҳ хеле фаъол буда, нигоҳ доштани мошин дар нишебӣ ниҳоят душвор, ҳатто номумкин мебошад. Хушбахтона, худованд раҳми бандаро хӯрда, мошинам ба ягон мошини дигар барнахӯрд ва пеш аз истгоҳ ман онро нигоҳ дошта тавонистам.
КӢ БА ДӮСТМУРОДИ АЛӢ ШИШАПОРА ДОД?
-Ба қавли Садриддини Наҷмиддин “Ба як чилёсин шудам” гӯед...
-Бале, бисёр ҳолати ваҳшатангез ва тарсовар буд.
-Айни замон ҳолатон чи гуна аст? Дар беморхонаед?
-Не, дар хона ҳастам. Сарам сахт дард мекунад, аммо умедворам, ки рӯзҳои наздик ин ҳолат мегузарад.
-Мо, аҳли эҷоди сомонаи Оила дуо мекунем, ки Худованд ба шумо шифои комил диҳад ва бо клипҳои нав ба нави олиҷанобатон хотири дӯстдорони санъати волоро шод гардонед.
-Раҳмат! Ман ҳам ба сомонаи Оила ва аҳли эҷоди он парвозҳои баланди эҷодиро таманно дорам.
Ёдрас мешавем, ки Баҳриддин Сабурӣ яке аз машҳуртарин продюссерҳои тоҷик ба шумор меравад. Қаблан ин эҷодкори хушзавқ продюссери Зулайхо Маҳмадшоева буд. Идеяҳои тоза ба тозаи Баҳриддин Сабурӣ дар як муддати кӯтоҳ Зулайхо Маҳмадшоеваро ба қатори машҳуртарин овозхонҳои эстрадаи тоҷик-Шабнами Сурайё, Садриддини Наҷмиддин, Нозияи Кароматулло, Нигина Амонқулова дохил кард, аммо баъдан ҳамкории ин ду санъаткори асил қатъ гашт. Баҳриддин ва Зулайхо дӯст боқӣ мондаанд, вале айни замон Баҳриддини Сабурӣ расман продюссерии Фарзонаи Хуршед ва овозхони ҷавон Закияро бар дӯш дорад. Мошине, ки Баҳриддин бо он ба садама гирифтор гашт, тамғаи FERRARİ" буда, аз рӯйи баъзе овозаҳо онро Фарзонаи Хуршед дар ҷашни зодрӯзаш ба Баҳриддин тӯҳфа кардааст.