Барқи тоҷик ваъда дод, ки дар моҳи шарифи Рамазон ба аҳолӣ бештар барқ медиҳад
04.02.2026
Фирӯза
87

Барқи тоҷик ваъда дод, ки дар моҳи шарифи

Рамазон ба аҳолӣ бештар барқ медиҳад

“Барқи тоҷик” ваъда додааст, ки дар моҳи шарифи Рамазон ба мардум бештар барқ медиҳад.

Маҳмадумар Асозода, Раиси ширкати “Барқи тоҷик” рӯзи 3-феврал зимни нишасти матбуотӣ гуфт, беҳтар шудани реҷаи таъминоти аҳолӣ бо барқ дар моҳи Рамазон аз сатҳи оби обанбори “Норак” ва ҳаҷми резиши об ба дарёи Вахш вобастагӣ дорад, вале бо вуҷуди ин, интиқоли барқ дар моҳи шарифи Рамазон, ки 18-уми феврал оғоз меёбад, нисбат ба ҳолати кунунӣ беҳтар хоҳад гашт.
Тавре ки раиси “Барқи тоҷик” гуфт, то 3-юми феврал сатҳи оби обанбори “Норак” каме бештар аз 885 метрро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 65 сантиметр баландтар аст. Нуқтаи баландтарини обанбор 910 метр ва нуқтаи пасттарини он 857 метр будааст.
Ёдрас мешавем, ки қаблан вазири энергетика ва захираҳои оби кишвар Далер Ҷумъа низ ваъда дода буд, ки дар моҳи ба аҳолӣ бештар барқ дода мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД