Духтари эрка
Суман дар оила фарзанди деринтизор буд, аз ин рў волидонаш ба ў меҳри хоса доштанд, модараш зиёд эрка мешавад гуфта гоҳ-гоҳе духтарашро барои ягон кирдораш сарзаниш кунад ҳам, падараш равои озори духтарашро надошт. Суман низ аз модар дида, ба падараш бисёртар меҳр дошту ҳатто розҳои духтаронаашро ба ў мегуфт. Падараш Самӣ Назар, марди сарватманди музофот ба шумор рафта, коммунисти фаъол ва корманди ҳизбӣ буд.Ў дар ҷавонӣ сарвари ҷавонони ноҳия буду баъдтар, ҷонишини раиси ноҳия таъинаш намуданд. Ба серкорияш нигоҳ накарда, ҳамеша дар мусобиқаҳои гўштингирӣ ва бузкашӣ иштирок намуда, ғолиб мебаромад. Ҷавонмарди болобаланди зардинаи зебое буд, Суман назари харидоронаи бонувонро ба падари паҳлавонаш дида, қаҳраш меомад, вале модараш парво надошт. Байни мардони деҳа ҳамқади падараш касе набуд ва Суман ҳамеша орзу дошт, ки монанди падараш ҷавонмарди ҳақиқие ёфта, баъд ба шавҳар мебарояд. Аммо беҳуда нагуфтаанд, ки мо дар чӣ хаёлему фалак дар чӣ хаёл…
Ноздонаи падар
Самӣ Назар кўҳсорон ва табиати зеборо зиёд дўст медошт, Суман дар синфи нуҳ мехонд, духтари қадраси зебое ҳам бошад падарашро, ки бо тақозои вазифаи бар душ доштааш ба кўҳ, хабаргирии чупону галабонҳо мерафт, ҳамроҳӣ мекард. Аспҳои бузии падараш низ он ҷо нигоҳубин мешуданд. Раис духтарашро ба аспи саманди зебояш савор мекарду аз чобукона асп ронданаш ҳавас мебурд, баъзан аз пешонии Суман бўсида мегуфт, чаро Худо туро писар наофаридааст?! Боз худаш худашро ислоҳ карда, бо ифтихор илова мекард, духтар низ бояд аспсавориро донад, Гурдофариду малика Томирис, боз даҳҳо занони чобуксаворро таърих ёд дорад. Хулоса, Суман қад кашида, арўси зебое шуду хостгорон дари хонаи Самӣ Назарро охурча карданд, аммо духтар ҳеҷ кадоми онҳоро хуш намекард. Модараш ўро дуои бад карда мегуфт:
- “Худо хоҳад пирдухтар шуда мемонӣ, писари Амири Бухороро интизорӣ, ки ба ҳама айб мемонӣ?!”.
Падараш бошад, дили Суманро нигоҳ мекард, як шом рафиқи наздики падараш амаки Салом хостгорӣ омад. Ў мехост, Суманро барои писари ҳуқуқшиносаш келин кунад, вале духтар ду пояшро ба як мўза тиқонда гуфт, ки худамро мекушаму Мирзочаро намегирам. Модараш ин даъфа Суманро бо ҷорўб чанто зада, дод зад:
- Куҷои як ҷавонмарди зебо Мирзоча?! Э-Илоҳи сиёҳпичамарг шавӣ ту духтари шоҳи париён, бачаҳои мардума айб намону гўй ҳамон хушрўята, омада, даъфи муминонат кунад то ҷонамон аз ту халос шавад!!! Туро ба хотири ману падарат хостгор мешаванд, вагарна саг суроғат намекунад. Китобу дафтарат аз сарат монад бибихалифа, кошкӣ ғайри хондану навиштан сар-сарӣ гаштану дар гардани падарат савор будан ҳунари дигар дошта бошӣ!!!
Орзуҳои ғароиб
Самӣ Назар ба хотири духтараш рафиқашро хафа карда, хостгорияшро напазируфту ҳамон шаб Суманро дар танҳоӣ пурсид, ки чаро шавҳар кардан намехоҳад? Суман чашмҳои аз гиря варамидаашро ба падараш дӯхта, бо як соддагӣ пичиррос зад: - “Ман мехоҳам, ки қадди шавҳарам баланд бошад, мисли шумо, то сарамро дар сандуқи синааш монам…”. Самӣ Назар аз ин иқрори духтараш зери лаб хандиду аз пешонии ў бўсида, гуфт: - “қадбаланд бошад, қадбаландашро меёбем, парво накун! Чун модараш аз ин гуфтаи Суман хабар ёфт, шавҳарашро сарзаниш кард: - “ҳамин шумо ўро эрка кардаед. Тавба! Кадом духтар ба падараш ин гуна гапҳо мегўяд?! Оҳ шармандае!”.
(Давом дорад)
Рухсора САИД