Санаи 5-уми апрели соли равон, тахминан соати 17:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Авенсис», Одинаев Лоиқбеки 32- сола, сокини шаҳри Бӯстон, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чанноқ», дар ҳудуди ноҳияи Б.Ғафуров аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори рости роҳ баромада, чаппа шудааст. Дар натиҷа, мусофири дохили автомашина, духтарчаи хурдсол,Маликова Фирӯза Шодимаҳмадовна, ки ҳамаги 8- сол дорад, аз ҷароҳатҳои вазнини бардоштааш, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Фирӯза хонандаи синфи 1-уми яке аз МТМУ-ҳои шаҳри Бустон буд.
Аз рӯи ин ҳоддиса тадқиқот идома дорад.
Фарҷоми талхи умри ширини Мижгона