Дар майдони Дӯстии шаҳри Душанбе, дар паҳлӯи муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ баландтарин табақи суманак дар ҷаҳон, ки рамзи баҳору Наврӯз аст, қомат афрохт.
Баландии он 30 метр буда, паҳноияш 16 метрро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, дар ин майдон дастурхони идона бо дарозии 10 метр ва паҳноии 6 метр густурда шуда, бо “ҳафт син”-у “ҳафт шин” оро дода мешавад. Ин соли дувум аст, ки дар маркази шаҳри Душанбе баландтарин табақи суманак гузошта мешавад.