Ӯро шахсан ман ҳаргиз девона намегуфтам, ҳар гоҳе деҳа равам, хабараш мегирифтам, барояш атр, ҷўроб ё рўймолаке ҳадя мебурдам, сўҳбаташро хуш доштам, зеро аҷиб буд фикрронияш. Ў низ маро дида, дандонҳои зарду каҷу килебашро нишон дода, механдид, чашми олусаш каҷтар мешуду бо ханда мегуфт:
-Дар зеби ҳавлию хонаву дар садқае, дар зеби дунё садқа, ту меоӣ ва ҳама ҷо рангу бўи тоза мегиранд,-чун ҳадяи ночизамро ба дасташ медодам, он қадар дуои давлатам мекард, ки…
Гулракат дар оилаи Сафари тракторчӣ ва Зебинисои говҷўш фарзанди чорум буд. Сафар марди қоматбаланди паҳлавонсурати зебо фарзанди ягонаи кампири Моҳихуросон ба духтархолааш Зебинисо оиладор шуда, соҳиби даҳ фарзанд шуданд. Кампири Моҳихуросон писараш, нишонаи ягонаи шавҳари ҷавонмаргашро чун гавҳараки чашм эҳтиёт мекарду дўст медошт. Умрашро сарфи Сафари ягонааш намуда, духтари хоҳараш Зебинисои таннозакро барояш хостгорӣ намуда, келин кард. Зебинисо танҳо зоданашро медонисту хўрда хоб рафтанро, кампири Моҳихуросон тамоми кори хонаро мекард, боз набераҳояшро низ бонӣ менамуд. Кампир то нафақа баромадан дар фермаи колхоз говҷўш буд, ордену медалҳои зиёде дошту пешсафи меҳнат ҳам буд. Баъди ба нафақа баромадани кампир дар ҷояш келинаш ба кор даромад, акнун набераҳои калонӣ ба кору бори момаашон ёрӣ мерасониданд, оилаи калон бошад ҳам, зиндагияшон хуб буд, зеро марди хонадон Сафар хеле заҳматкаш буд.
Аз байни фарзандони ин оилаи пурнуфуз Гулракат бемор баромад, духтарак чашмони олус дошту аз ҳамсолонаш дида, ақлаш кам буд. Табобати табибону дуохонии муллоҳо таъсире накарданд. Кампири Моҳихуросон нағз медонист, ки сабаби бемории наберааш чист. Аммо хомўш буд, зеро намехост гирди номи хонадонаш гапу ҳарфи зиёдатӣ овоза шавад. Келинаш Зебинисо, ки орову тороро зиёд дўст медошт, аз рўйи муди ҳамон солҳо рафта, дандонҳояшро тилло кардан хост. Чун назди духтури дандонсоз рафтанд, ў гуфт:
-Хоҳарам, шумо ҳомиладоред, арра намудани дандонҳои солим душвор аст ва он метавонад ба саломатии тифли батнатон зарар расонад.
Аммо ин гапро ба кӣ мегўӣ, Зебинисои дар доми мӯд афтода ба гапи духтур гўш накарду дандонҳои солимро арра карда, дандон шинонд. Баъди шаш моҳ Гулракат таваллуд шуд, ки бемор буд…
Давом дорад...