1xbet
Бахти рассоми хомӯш (ҚИСМИ 1)
1251

Кӯдак аз ғайб

- Муҳаммад, нигоҳ кун!,- ба чашмонам бовар накарда, дар назди дарвоза шах шуда мондам.

Шавҳарам дар зери вазни сатили пур аз ҷав хам шуда аз остона ба берун қадам гузошт. Баҳор бошад ҳам, ҳаво ҳанӯз сард буд. Шавҳарам сатили пурро, ки дони онро бояд ба замин мекошт, гузошта ба наздам омад.

Дар болои курсии чӯбини назди девор сабади худбофте истода буд. Дар даруни он бо матои ғиҷимшудае печонида, кӯдаке мехобид. Кӯдак, тахмин дусола буд.

Чашмони бузурги сип сиёҳаш рост ба ман нигоҳ мекарданд - бе тарсу ҳарос ва танҳо бо кунҷковӣ...

- Худоё, ин аз куҷо пайдо шуд?- садо кард шавҳарам.

Ман ангушти худро нарм аз байни мӯи сиёҳаш гузаронидам. Кӯдак на ҷунбид, на гиря кард, вай танҳо чашмак мезаду халос...

Дар мушти хурдакаки ӯ як пора коғази ғиҷимшуда буд. Ангуштонашро кушода номаро хондам: “Лутфан, ба ӯ кӯмак кунед. Ман ӯро ӯҳда карда наметавонам. Узр мехоҳам...".

«Бояд ба милиса занг зад»

Муҳамад паси сарашро хорида гуфт:

- Беҳтараш, ба Совети қишлоқ хабар диҳем.

Аммо ман аллакай кӯдакро дар оғӯш гирифта будам. Буи чанги роҳ ва муйҳои ношустаи ӯ ба машомам мезад. Ин ҳолати маро дида, Муҳаммад чизеро пай бурду гуфт:

- Манзура, мо ӯро гирифта наметавонем.

- Не, метавонем, бо Анзурат якҷо калон мешаванд. Дар орзуи писар будӣ- ку... Ту медонӣ, ки баъд аз беморие, ки аз сар гузаронидам, ман дигар таваллуд карда наметавонам

-Аммо қонун ҳаст, ҳуҷҷатгузориҳо... Волидонаш метавонанд пайдо шаванд,- гуфт ӯ.

Сар ҷунбондам:

- Онҳо ҳозир намешаванд. Ман ҳис мекунам, ки дигар онҳо ҳаргиз намеоянд...

Писарбача ногаҳон ба сӯи ман табассум кард, гӯё суҳбати моро фаҳмида бошад. Тавассути дӯстон васоят ва ҳуҷҷатҳоро тартиб додем. Соли 1993 давраи хеле душвор буд...

Шумхабар

Пас аз як ҳафта мо чизи аҷиберо мушоҳида кардем. Кӯдак, ки ӯро Илҳом ном гузоштам, ба садоҳо таваҷҷӯҳ намекард. Дар аввал фикр мекардем, ки ӯ ботамкину оромтабиат аст.

Аммо вақте трактори ҳамсоя аз пушти тиреза ғурросзанон гузашту Илҳом заррае таваҷҷуҳ накард, дилам танг шуда ба шавҳарам гуфтам:

- Муҳаммад, ӯ намешунавад...

Шавҳарам ба оташи бухорӣ дуру дароз нигоҳ карда оҳ кашид:

- Ба маркази ноҳия ба назди духтур мебарем.

Духтур Илҳомро муоина карду дастонашро ба ду тараф кушода гуфт:

- Ношунавии модарзодӣ, пурра, ҳатто ба ҷарроҳӣ умед набандед...

То хона гиря кардам. Муҳаммад хомӯш буду ғарқи андеша...

- Мардак, шояд мо ӯро...

- Не, -пиёлаи чои дасташро нӯшида истода, - мо аз ӯ даст намекашем, ӯро ба ҳеҷ куҷо намедиҳем! - бо қатъият гуфт ӯ.

- Аммо чӣ тавр? Чӣ тавр ба ӯ таълим медиҳем? Чӣ хел?

- Агар лозим шавад, меомузонӣ. Худат муаллимаӣ ку...

Он шаб то саҳар мижжа назадаам ва ба шифт нигариста, фикр мекардам: «Чӣ тавр ба кӯдаке, ки гӯшаш намешунавад, таълим диҳам?

... Рӯзи дигар дафтарчаамро гирифта ба тартиб додани нақша шуруъ кардам. Ба ҷустуҷӯи адабиёти зарурӣ ва роҳҳои бе садо таълим доданро омӯхтам...

(Давом дорад)

Манзура ШОЕВА

Таснифи А. ҲОҶӢ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД