Commerc banl
Бахти гунги Марҷона (ҚИСМИ 8)
05.03.2026
А. ҲОҶӢ
437

Суҳбати тағою ҷиян

Вақте, ки Давлат ғарқи чунин андешаҳо буд, Умеда бедор шуду ба гиря сар кард, шояд гурусна монда буд. Марҷона пистонакро ба даҳони ӯ гузошт ва духтарча онро ба даҳон гирифту дубора чашмонашро пӯшида муддате хомӯш монд. Дар ин фосила на Марҷона ва на Давлат аз тарси он, ки ӯ бедор нашавад, садое набароварданд, аммо якбора овози баланди телефони Давлат хонаро пур кард. Ӯ якқад парида, онро ба даст гирифту хомӯш кард ва ин дам нигоҳаш ба Марҷона бархӯрд, ки маломатомез ба ӯ чашм духта буду гӯё мегуфт:

“Ҳамин овози телефони сабилмондаатро пасттар кунӣ намешавад...”.

Аммо Умеда бепарво мехобид ва Давлат зуд ба даҳлез бромада, ба телефон зеҳн монд, ки номи Дилшод баромдааст. Дар дил “коратро кардӣ боз чӣ мехоҳӣ?” - гуфту ба хона баргаштанӣ буд, ки якбора фикре ба сараш зад ва ин бор худаш ба Дилшод занг зад.

- Гумон кардам, ки аз ман сахт ранҷидеду барои ҳамин телефонатонро хомӯш кардед, - омад овози Дилшод, - Ман хостам барои он рафторе, ки нисбат ба шумою янгаам кардем, бори дигар узр пурсам. Тағоҷон, худатон рафта дидед, ки он занак аз фарзандаш дил канданӣ нест...

Давлат нагузошт, ки Дилшод суханашро ба охир расонад ва бо садое, ки дар он ҷиянаш оҳанги шодиро дарёфт, гуфт:

- Дилшодҷоню мо аз тую занат сахт миннатдорем, барои он ки духарчаатон Умедаро ба тарбияи мо додед...

- Илтимос тағо, талх нагӯед, бе ин ҳам ман худам дилхун ҳастам...

- Чаро талх будааст? Охир духтари дуюмашро занат имшаб ба мо дод ку?...

- Чӣ хел, магар зани ман дугоник таваллуд карда буд?

- Магар ту бехабарӣ? Ана дидӣ, Худованд дили тую занатро фаҳмида, якбора ҳам морою ҳам шуморо хурсанд кард. Ҳамсояю шиносҳои мо ин кори шуморо дида, ба ҳардуятон раҳмат гуфта истодаанд..., - аз верандаи хона суроби Марям - ҳамсоязани гапгӯро, ки дар ҷояш истода ба гапҳои вай гӯш медод, дида истода ба телефон баланд -баланд мегуфт Давлат.

Табрики Марямхола

Дилшод, ки аз ин гуфтаҳои тағояш чизе намефаҳмид, боз ҳам бештар ҳайрон шуда, хост боз чизе гӯяд, аммо Давлат ба вай имкони сухангӯӣ надода, гуфт:

- Дилшодҷон, ҳоло ман фурсат надорам, зеро ба хонаи мо ҳамсояҳо барои табрик омада истодаанд, баъдтар боз занг мезанам, - гӯён телефонро хомӯш кардаистода, овозашро аз пештара ҳам баландтар карду ба самти веранда нигоҳ карда гуфт:

- Омадан гиред, холаи Марямбону, ин ҷо хонаи худатон ку...

Марям, ки мунтазири чунин пешвози меҳрубобона набуд, хурсандона вориди веранда шуда:

- Табрик, боз як бори дигар табрик. Сад раҳмат ба падари Дилшоду занаш, ки аз баҳри духтарашон ба хотири хурсандии тағояшон гузаштанд. Духтарча канӣ? Модари навшро хуб қабул кард? - таҳпурсӣ кард Марям.

- Марҳамат, ба хона дароед, ҳамроҳи очааш Марҷона “чақ-чақ” дорад...

- Навзодон ҳам чақ-чақ мекунанд? - пурсид Марями аз дунё бохабар.

- Шӯхӣ мекунам. Шумо дароеду духтарчаи моро он ҷо бинед, баъд худатон баҳо медиҳед...

Аммо кампири Марям ба ҷои ин, ки вориди хона шавад, бо сад афсус ба Давлат гуфт:

- Давлатҷон, магар бо дасти холӣ кӯдакро мебинанд? Мо ин хел расм надорем... баъдтар меоям...

(Давом дорад)

А. ҲОҶӢ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД