Commerc banl
Бахти гунги Марҷона (ҚИСМИ 6)
03.03.2026
А. ҲОҶӢ
373

Аз тарафи шарқи шаҳр субҳи зимистон ба дамидан сар кард ва пас аз лаҳзае мошини пиршудаи Давлат ба зери долоне, ки он ҷо ду даҳсола боз “мезист”, ворид шуд...

Суолҳои бепосух

... Вақте, ки онҳо бо тифли ёфтаашон ва сагчаи сафед, ки аллакай номашро Давлат хаёлан “Барфак” монда буд, вориди хона шуданд, аввалин коре, ки Марҷона кард, ин боз намудани парпечи тифл буд. Ӯ дид, ки тифлак духтарча аст. “Тахминан як ё ду ҳафтаина шудааст...” - аз дил гузаронд ӯ ва ба Давлат, ки ба бухорӣ алав мемонд нигоҳ карда гуфт:

- Мардак, ин духтари кист ва чаро дар партовгоҳ партофтаанд? Магар дар он ҷо касе дигарро надидӣ? Агар ним соати дигар мо намеомадем, ӯ мурда буд... Шояд модараш дар ях афтода кӯдак аз дасташ парида бошад, атрофро надидӣ?

Давлат, ки худаш дар ин як соати охир аз ин бозёфтҳои худ ба ҳайрат афтода буду мисли он, ки дар даҳонаш забон надорад, ба ғайр аз “ҳа” ва ё “не” чизи дигаре гуфта наметавонист, ин бор ба занаш нигариста гуфт:

- Занак, ман аз ту дида чизи бештареро намедонам. Бале, ман атрофи партовгоҳро дидам, касе он ҷо набуд. Ман ҳам намедонам, ки ин тифлро кадом ноинсоф дар ин сардӣ ба ин ҷо мондааст. Шояд сагчаро ҳам барои гарм истодани тани кӯдак ҳамон нафаре гузоштааст, ки тифлро мондааст, ман инашро ҳам намедонам. Умуман, Марҷонаҷон, ман чизеро дар ин бора намедонам ва каме рӯз шавад, кӯдакро ба милисахона мебарем ва онҳо модарашро агар зинда бошад, ёфта ба соҳибаш месупоранд...

Номаи модар

Аммо Марҷона, ки дар аввал ба гуфтаҳои шавҳараш бо диққат гӯш додистода, қабатҳои парпечи духтарчаро барои хушконидан боз мекард, якбора аз дохили он ду варақ коғазеро берун оварда, боз намуду бе ягон сухани иловагӣ бо овози баланд ба хондан сар кард: “Эй марди Худо, ки ин тифл агар зинда ба дастат расад, бояд ин номаи маро ҳамчун тавбаи насуҳ ба даргоҳи Худованд қабул кунӣ. Ман як донишҷӯдухтари аз деҳа ба шаҳр барои таҳсил омада ҳастам. Номамро ва дар куҷо таҳсил карда истоданамро намегӯям. Танҳо ҳаминро мегӯям, ки ман қурбони фиреби номарде шудам. Ин ҳодиса замоне рух дод, ки ман бо ҳазор азобу уқубат охир волидонамро барои таҳсили худ розӣ кардам ва дар соли аввали донишҷӯӣ бо як марди ба назарам аз ҳар ҷиҳат хеле олӣ, ба гуфти худаш, таҳсилдида, доранда ва бообрӯй шинос шудам, ки ин қиссаи дароз аст. Ӯ дар аввал нисбати ман хеле меҳрубон буд ва мегуфту мехост, ки тобистони гузашта ба назди падару модари ман, ба деҳа рафта, маро хостгорӣ кунад ва тӯй карда ба занӣ гирад. Мани нодони қишлоқӣ ба ваъдаҳои ӯ бовар кардам ва... ва... беэҳтиётӣ кардаму номусамро гирифт. Баъд аз ин, рафтораш нисбати ман дигар шудан гирифт ва вақте, ки дуҷон шудани маро фаҳмид, дигар тамоман на ба телефонам ҷавоб медодагӣ шуду на ба наздам меомад. Ман ин ҳодисаро ба як дугонаи наздикам, ки дар ҳама ҳолат маро дастгирӣ мекард, гуфтам. Ӯ маслиҳат дод, ки ҳарчи зудтар тифлро гирифта партояму худро аз шармандагӣ раҳо кунам. Аммо тифли шикамам аллакай 4-5 моҳа шуда буд ва ман онро куштан намехостам. Зеро духтари худошиносам ва намехоҳам, ки як гуноҳи худро чанд гуноҳ кунам. Аз ин рӯ, то вақти таваллуди кӯдак худро ба беморӣ андохта, бо ҳар баҳона зери либоси васеъ дуҷон будани худро пинҳон карда тавонистам. Бо ҳар баҳонаҳои гуногун як муддат ба назди волидонам низ нарафтам ва ман ҳаргиз ин шармандагиро бардошта наметавонам. Бо кӯмаки дугонаам ин духтарчаро таваллуд кардам ва барои он, ки дигар пинҳон кардани он имкон надошт, маҷбур шудам бе маслиҳати дугонаам дар ин шаби сард тифламро ба Худованд ва мард ё зане, ки ӯро меёбад, супорам. Барои он, ки тифлро зуд хунук назанад, дар паҳлуяш бачаи сагчаи хонаи иҷоранишиниамро гузоштам. Ман ба дасти кӣ афтодани ин кудакро мебинам, аммо шумо дигар ҳаргиз маро нахоҳед дид. Агар Марди Худо дертар пайдо шаваду тифл ба марг наздик бошад, аз пинҳонгоҳам баромада, пас хоҳам гирифт ва ин корро то даме идома медиҳам, ки ӯ соҳиб пайдо накунад. Акнун, тақдири минбаъдаи ин тифл дар дасти шумост ва хоҳед, ба сағирхона супоред ва нахоҳед, ҳамроҳи дигар фарзандони худ калон кунед. Агар мабодо ба милиса нишон диҳеду онҳо маро ёбанд, ман ба ҷуз худкушӣ, дигар илоҷе надорам, зеро маргро аз зиндагии шармандавор беҳтар медонам. Дигар ман модари ӯ нестам ва аз ӯ пурра даст мекашам. Худо ёри шумою ин тифли бегуноҳе, ки бо гуноҳи ман ба дунё омад”...

(Давом дорад)

А. ҲОҶӢ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД