Ӯ давоми суханони занашро гӯш накарда, мошинро ба ҳаракат даровард... Аммо вақте, ки дар кор буд, боз дилаш ба Марҷона сӯхт ва қарор дод, ки таваккал карда, як бор ба назди Закия раванд. Шояд раҳмаш ояду...
Ҳамин тавр, онҳо бегоҳирӯз, вақте, ки барфи майда ба боридан сар кард, ба роҳ даромаданд. Ҳарчанд роҳи Сароб аз шаҳр он қадар дур набуд, вале дар фасли боронгарӣ, хусусан дар зимистон душворгузар мешуд. Аммо Давлат, ки таҷрибаи хуби ронандагӣ дошт, новобаста ба он, ки “Москвич”-аш кӯҳна буд, бо маҳорат мошин меронд ва дар як вақт бо Марҷона аз ину он гап мезад.
- Агар ин занак боз розӣ нашавад, чӣ кор мекунем? - ба ҳавои ҷунбиши мошин такон хурдаистода пурсид Давлат.
- Шояд дар ин новақтӣ омадани мо раҳми ӯро орад ва ё коре шавад, ки дили ӯро нарм кунад. Агар чунин нашавад, ман дигар санги хунукро ба банди дилам мебандаму то охири умр ба ту дар ин бора ҳарфе намегӯям...
***
Онҳо вақте ба хонаи Дилшод расиданд, ки аллакай қариб шаб нисф шуда буд. Аммо Закия ва духтаронаш ҳоло бедор буданд ва баробари шунидани садои мотори мошини Давлат ба берун тохтанд. Чун дар ин вақти шаб аллакай барқи деҳаҳо хомӯш мешуд, ҳар кадоме дар дасти худ чароғаке доштанд. Модарашон аз ҳама охир аз дари ҳавлӣ берун шуд ва дар равшании чароғи мошин бо чеҳраи боз ва лафзи ҳалим зану шавҳарро ба хонаи гарм даровард. Онҳо, ки пас аз тай намудани роҳи вазнин сахт монда шуда буданд, мехостанд анадаке дам гиранд. Аммо соҳибхона ва духтаронаш ба зудӣ дастурхон оростанду ба онҳо як косагӣ шӯрбои сергӯшт оварданд. Маълум буд, ки Дилшод аз омадани эҳтимолии тағояш ба занаш хабар дода будааст. Зану шавҳар аз пешвозгирии меҳрубононаи Закия фоли нек гирифта, мехостанд, ҳарчи зудтар сари мақсад оянд ва Марҷона гап сар кард:
- Закияҷон, мақсади омадани моро дар ин ҳавои номусоид ва нимашабӣ медонӣ ва барои ин ташвиш узр мепурсем. Аммо мехостем ҳарчи тезтар аманати худро аз наздатон гирифта, шуморо аз ташвиш халос кунем... Мо барои бурдани Умеда омадем...
Закия як муддат хомӯш истод ва сипас сар боло карда гуфт:
- Шумо ҳамеша барои мо меҳмони азизед. Ман ҳам гунаҳгорам, ки дар аввал хостам, ки агар боз духтар шавад, ба шумоён диҳам, аммо... аммо ҳарчанд худро маҷбур кардам, нашуд ва... ва... намешавад ҳам. Номаш ҳам Умеда нест. Ӯро Басгул ном мондем, ки дигар духтар нашавад. Аз ман хафа нашаведу ин аст сухани охирини ман...
Дар миён хомӯшии гароне танинандоз шуд, ки онро танҳо гиряи тифле, ки гаҳворааш дар як кунҷи хона меистод, вайрон карду Закия ба наздаш рафт.
- Хайр, мо рафтем, - ба сӯи занаш ишораи хестан кард Давлат ва “омин” гӯён аз ҷояш бархост.
Ҳарчанд Закия ва духтарчаи калониаш онҳоро нагузоштанд, ки дар ин ҳавои пурбарфу сард аққалан то саҳар монанд, Давлат розӣ нашуд...
(Давом дорад)
А. ҲОҶӢ