Ташхис нишон дод, ки айб аз Марҷона аст, аммо Давлат ба ин боварӣ надорад. Марҷона хост, ки Давлат аз вай ҷудо шуда, зани дигар гирад, аммо шавҳараш ҳаргиз ба ин роҳ нарафт ва ҳатто ба гирифтани зани дуюм ҳам розӣ нашуд.
Ӯ гуфт:
- Ман туро дӯст дошта гирифтаам ва ҳаргиз дар нимароҳ намегузорам. Агар ба ту фарзанд лозим бошад, марҳамат аз хешу таборони худат ва ё аз ман, ягонтояшро гирифта калон кун. Ман зани сармедодагӣ ва ё дар болояш зан мегирифтагӣ надорам...
Онҳо то вақте, ки Дилшоду занаш маслиҳат карда, ба онҳо барои тарбия як фаразандашонро доданӣ шуданд, дар ин мавзӯъ дигар байни ҳамдигар ҳарфе нагуфтанд. Аммо тавре маълум шуд, онҳо низ Давлату Марҷонаро ноумед карданд.
Шаб, вақте, ки Марҷонаро хоб бурда буд, садои занги телефони Давлат баланд шуд ва ин Дилшод буд, ки пас аз дидани занги тағояш ба вай занг мезад. Давлат пас аз аҳволпурсии маъмулӣ аз Дилшод пурсид:
- Дилшодҷон, масъалаи ба мо додани духтарчаи навзодат чӣ шуд?
Аз он тараф як муддат танҳо садои тез-тез нафаскашии Дилшод шунида шуд ва баъд овози ӯ баромад:
- Тағоҷон ман барои хурсандии шумо ҳар чи аз дастам ояд, мекунам. Аммо ба шумо ваъда кардаму баъд пушаймон шудам, ки чаро ин корро кардам. Занакро аввал пурра розӣ кардан даркор буд. Аммо ман як нугизабонӣ пурсида будам, “майлаш” гуфта буд. Ҳоло бояд як худатон ҳамроҳи янга ба наздаш раведу бо Закия маслиҳат кунед. Рости гап, ман дар назди шумою янга гунаҳгорам, ки аввал ваъда кардаму баъд... Ба ҳар ҳол, як бори дигар худатон аз назди Закия равед. Шояд мулоим шаваду ба додани духтарчаамон розӣ шавад...
Пас аз шунидани ин суханони ҷиянаш, ки ба гуфти мардум “занкалон” буданаш бештар аён шуд, Давлат дигар ҳарфе нагуфта гӯширо хомӯш кард. Хост оҳиста паҳлу гардад, то ки Марҷона бедор нашавад. Аммо ғайричашмдошти ӯ аз зери курпа садои гиряолуди Марҷона баромад:
- Мардакҷон, тақдирамон ҳамин будааст, ба фикрам ҷиянат занашро розӣ карда натавонист ва ба гуфти худат, ки “меҳри модарӣ”-аш зӯрӣ кард... Ман ҳамаашро шунидам.
Дар ҷавоб, Давлат танҳо нафаси чуқур кашиду гуфт:
- Шояд ин меҳри модарӣ рӯзе ба ту ҳам насиб кунад...
***
Субҳ Давлат занашро дар боли ҷойнамоз дид ва пайхас намуд, ки
имшаб Марҷона хоб накардааст.
Вақте, ки омодаи ба сӯи коргоҳ рафтан мекарду “Москвичаш”-ро гарм менамуд, Марҷона бо ишораи даст аз Давлат хоҳиш кард, ки шишаи мошинро паст кунад. Давлат гумон кард, ки занаш боз ягон чизи барои рӯзгор заруриро таъйин кардан мехоҳад ва оинаи тирезаи мошинро андаке паст кард.
- Мардакҷон, илтимос, маро ҷанг накун. Як хоҳиш дорам, бегоҳ барвақттар биё, ба деҳа, ба назди зани Дилшод равем...
- Боз барои чӣ? Охир онҳо намехоҳанд тифлашоноро ба мо диҳанд...
- Медонам, вале Дилшод гуфт ку, як бори дигар ба назди Закия равед. “Аз карнайчи як пуф” гуфтаанд, хайр мардакҷон?
Давлат, ки боре ҳам ягон хоҳиши Марҷонаро рад накарда буд, ин дафъа хост гапашро гӯш накунад ва барои ҳамин бо оҳанги андаке сахттар гуфт:
- Намешавад. Охир ману ту фарзанди касро чӣ гуна соҳибӣ мекунем? Ғайр аз ин, бин ҳаво чӣ хел шуда истодааст ва роҳи он ҷо дар зимистон хатарнок аст...
(Давом дорад)
А. ҲОҶӢ