Ноумедӣ аз Умеда
Таи қариб яқ моҳ Давлату Марҷона гӯё дар осмони ҳафтум сайр мекарданд. Онҳо аз Умедаи худ чизеро дареғ намедоштанд ва аллакай як хона пур аз бозичаҳои даркору нодаркор шуда буд. Магар кӯдаки чормоҳа ба велосипеди кудакона савор шуда метавонад? Ё ӯ аллакай “Алифбо” хонда метавонад, ки чанд китоби афсонаи суратдор дар рӯи хона паҳну парешон аст? Аммо Давлат ба ҳамаи эродҳои занаш дар ин маврид мегуфт:
- Дунё ба умед мегӯянд занакҷон. Шояд рӯзе, ки Умеда калон шаваду ба вай велосипед харидан лозим шавад, ин чизҳо аз мағозаҳо гум шаванд. ”Эҳтиёт нисфи ҳаёт” гуфтаанд...
- Эҳ мардаки содае... охир ҳоло рӯз ба рӯз чизҳои нав ба нав баромада истодаанд. Шояд он вақт ин чизҳои шумо нодаркор шаванд.
- Нодаркор шаванд ҳам, медонӣ, ки ман барои Умеда ҳеҷ чизро дареғ намедорам. Охир орзуи ману ту ҳамин тифлаки худодод буд ку...
Дар урфият мегӯянд, ки “ман чӣ мехоҳаму Худо чӣ мехоҳад”.
Рӯзе расид, ки латтаи Марҷонаю Давлат ба об афтод. Умеда, ки духтарчаи зебою дилкаше шуда буду саломатиаш ҳам хеле хуб ба назар мерасид ва ҳаракати аз ҷой бархостан ҳам мекард, дар ӯ ба назари падару модараш чизе намерасид. Марҷона ҳис кард, ки духтачааш ҳарчанд қариб якунимсола шуда бошад ҳам, аммо мисли дигар кӯдакон на ба қавле на “ағ” мегуфту на “буғ”. Гӯшҳояш ҳам чизеро намешуниданд. Давлату Марҷона аз ҳамдигар пинҳонӣ ӯро ҳар вақт имтиҳон мекарданду боварӣ ҳосил мекарданд, ки Умедаашон ҳам кару ҳам безабон аст. Аммо онҳо ба ин ҳақиқати талх бовар кардан намехостанд. Боре Марҷона дар паси сари Умеда, ки бо бозичаҳояш бесадо бозӣ мекард, қасдан косаеро бо косаи дигар зада, онҳоро шикаст, ки садояшро аз кӯча ҳам шунидан мумкин буд. Аммо Умеда ҳатто ба қафо нигоҳе накард...
...Вақте, ки Давлат аз кор баргашт, чашмони Марҷонаро пуроб дид ва сабабашро пурсид. Марҷона бо ишораи сар ба тарафе, ки он ҷо Умеда машғули бозӣ буд, нигоҳ кард. Давлат зуд фаҳмид, зеро ҳарчанд иқрор шудан намехост, аммо ношунаво ва гунг будани духтарчаро ӯ хеле вақт боз медонист, вале ба хотири озор надодани ҳамсараш инро иқрор намекарду дарун дарун месӯхт...
Ин дам дар паси тирезаи онҳо трактори ҳамсоя бо садои баланд, ки овози он тамоми гузарро фаро гирифта буд, истод ва тракторчӣ шояд барои санҷидани кори мотор онро чанд бор газ дод. Ин овоз аз тирезаи боз дохили хонае, ки онҷо аҳли хонаводаи сенафара нишаста буданд, ворид шуда, боз ҳам ба назар гӯшкакунандатар менамуд. Аз садои баланд ҳатто саги онҳо Барфак ба воҳима афтода, ба аккосзанӣ сар кард. Аммо дар ин миён танҳо Умеда бепарво машғули бозӣ буд...
- Пагоҳ ба назди духтур меравем, - бо авзои гирифта гуфт Давлат ва аз ҷояш бархоста, ба тарафи дар рафт. Аммо ин бор мисли ҳарвақта сари Умедаро сила накард...
(Давом дорад)
А. ҲОҶӢ