Ифшои роз
Як шом Савсан хост ба Аҳад Содиқ хӯрокашро диҳад, вале шавҳараш бо иллат косаро тела дода канда-канда гуфт:
- Ҳа-а-ро-о-м-и-я-т ка-нӣ...?
Савсан базӯр худашро дошт, ки бо косаи дар дасташ буда ба сари тоси шавҳараш нафарорад ва посух дод, ки ба қишлоқ рафтааст. Аҳад Содиқ бо ҳамон оҳанг гуфт, ки ҳаргиз давлату савлаташро ба як бегона намедиҳад ва ҳама дороияшро ба ҳисоби давлат мегузаронад…
- Майлаш, мо ҳам зори боигарии ту не, худат сиҳат шуда ба чоҳу ҷалолат сару бар шав, худованд шифоят диҳад, худам баромада меравам, ту зани ба дилатро ёфта гир, - гуфт ин даъфа бо зарда Савсан.
Аҳад Содиқ бо пои сиҳаташ ба сӯи занаш лагате партофту ароз карда хӯрокашро нахӯрд, чанд рӯз пас аз ифшои розаш мард аз олам гузашт.
Савсан ҳама маъракаҳои шавҳарашро гузаронид, пас аз ду моҳи фавти Аҳад Содиқ духтараш бо зани собиқаш барои фотиҳа хондан омаданд. Азбаски Аҳад Содиқ васиятнома надошт, танҳо ду нафар Савсан ва Ниҳол духтари ӯ меросхӯр буданд. Зани собиқаш гуфт, ки мо аз мерос даст мекашем, зеро Аҳад Содиқ он қадар азобам додааст, ки аз худаш ҳам безораму аз меросаш ҳам, аммо Савсан клиникаи ҳамсарашро ба фурӯш гузошта нисфи пулашро ба Ниҳол бахшид. Аз ҳисоби маблағи боқимонда барои худаш низ хонаи чорҳуҷрадоре харида аз ҳавлӣ ба он ҷо кӯч баст, ҳавлиро ба иҷора доданд…
Шаҳбоз донишгоҳро хатм намуда ба назди бибию тағояш баргашт ва ба духтараки деҳотие хонадор шуда ба дастони худаш барояш хона сохт. Ба зориҳои модараш, ки мехост писараш дар пойтахт монад, ҷавоби рад дода гуфт:
- Очаҷон, ман ҳеҷ гоҳ дар хонаҳои Аҳад Содиқ, ки намехост он ҷо қадам занам, зиндагӣ намекунам, хафа нашавед. Дар деҳа зиндагӣ кардан бароям писанд аст…
Баҳори деромада
Риштаи андешаҳои Савсанро омадани хоҳараш барканд, онҳо бо ҳам гарму ҷӯшон салом карда ба хона даромаданд, баъд аз ним соат хона пур-пури меҳмон шуд, ки асосан занон буданд. Писараш дирӯз барои рафиқонаш маърака ороста буд. Пас аз чанд соат, Шаҳбоз модарашро ба хонаи дигар, ки онҷо тағояшу бибияш ҳамроҳаш менишастанд, даъват кард. Рӯи ҳавлӣ мошини Азиз Холид меистод…
- И-амакат омаданд? - Пурсид, Савсан ва саросема ба хона даромад,
Азиз Холид сари хон бо модараш гарм сӯҳбат дошт, пас аз пурсу пос, Азиз Холид Савсанро дар ҳайрат гузошта гуфт:
- Савсанҷон, ман кайҳо боз туро дӯст медорам, вале Аҳад Содиқ дӯстам буд ва инро ба ту гуфта наметавонистам. Азобҳои туро медидаму дилам хун мешуд… Хуб медонӣ, ки ҳамсари ман се сол пеш бар асари бемории саратон оламро падруд гуфт, фарзандон ҳама соҳиби зиндагии худ. Ман бо онҳо маслиҳат кардааму имрӯз ба хостгорӣ омадам, модару додарат ризо, Шаҳбоз ҳам, агар ту розигиятро диҳӣ, давоми умрамонро бо ҳам мебинам…
Савсан гиребон гирифта нидо кард, ё тавба ман дигар то охири умр шӯ кардан мегирам, панҷоҳ рафтам…
Вале Шаҳбоз аз китфонаш оғуш карда насиҳатомез гуфт:
- Очаҷон ту дар зиндагӣ чизе надидаӣ, амаки Азиз ду сол боз маро зорӣ дорад, ки ризояти туро гирам, ризо шав!
Холаи Нигор ба духтари зебояш нигариста мегиристу мегирист… Ҳамин тавр Савсан бори сеюм хонадор шуд, Азиз барои ӯ ҳавличаи зебоеро харидорӣ карду рост дилхоҳашро ба он ҷо бурд, онҳо зиндагии ширине доранд…
Аҷаб таззодҳое дорад зиндагӣ…
Рухсора САИД