1xbet
Бахти деромада… (ҚИСМИ 4)
622

Нафаси тоза

- Янга, хобаш бурд, хезед хона дароед,- гунаҳгорона нидо кард Азиз Холид.

- Не, ман дигар ҳамроҳи ин палид як лаҳза ҳам дар ин хона намемонам, падари маро ҳақорат дод, падари ҷавонимарги аз дунё чизе надидаамро. Падари ман ҳам марди обурӯманди хизматкардае буд, чилуҳашт сол дошт, вале мардум Қадриддини Аслиддин мегуфтанду ба эҳтиромаш аз ҷо мехестанд, агар падарам зинда мебуд, тораи мӯямро ба ин палид, ки аз ман бист сол калон аст, нишон намедод…

- Ту духтари Қадриддин ҳастӣ?! Ту медонӣ, ману падарат ҳамдигарро хуб мешинохтем, ман борҳо ба ноҳияи шумо меҳмон шудааму меҳмони хонаатон, мумкин ту он вақтҳо хурд будӣ, вале падарат маро ба як маъракааш даъват кард, ман натавонистам равам ва ӯ дигар маро суроғ накард… Ман аз падарат 15-сол хурд будам, вале ӯ ба ман мисли ҷӯрааш гап мезад…

Савсан гӯё ягон шахси наздикашро ёфта бошад ба Азиз ҳама дарди дилашро гуфт, онҳо он қадар сӯҳбат карданд, ки шаб аз нисф гузашт. Азиз дар бораи падараш чизи бисёре медонистааст, ҳангоми хайру хуш ҳофиз ба ҷавонзан гуфт:

- Ту ғамгин нашав, ягон чиз лозим шуда монад ба ман занг зан, Истадович одами ганда нест, характераш камтар вазнин.

Пас аз рафтани Азиз Холид Савсан нафаси тозае кашида, ба хона даромад ва сарашро ба болин монд, дилаш хеле сабукӣ ёфта буд. Саҳар ӯ субҳона тайёр карда рӯи миз гузошту нав аз дарвоза баромаданӣ буд, ки шавҳарш садояш кард:

- Ҳа хайр нагуфта меравӣ?

- Хоб будед, - гуфт дар ҷавоб Савсан, зеро медонист бо ӯ баҳс кардан бефоида аст.

- Шаб Азизро хафа накардам-мӣ? -ҳамёза кашида тагпурсӣ кард Аҳад Содиқ.

- Не, ҷое ман бошам дигаронро хафа намекунед, - бо зарда гуфт Савсан ва аз дар баромад…

 

Ҷазои Худо

Савсан бо чашмони пуроб аз дарвозаи ҳавлӣ берун шуду дар дил шавҳарашро дуо кард:

- Арвоҳи падарам низ чун худаш мард асту ба ту барин номардон кор надорад, вагарна кайҳо бояд ту гунгу кар мешудӣ. Ақаллан Шаҳбоз ҳам ба мададам намерасад, илоҳӣ забони ҳақоратгӯят хушк шавад разил…

Беҳуда нагуфтаанд, ки дуо тир асту одам нишона, пас аз як моҳи ин ҳодиса Аҳад Содиқ ба сактаи мағзи сар гирифтор гашт. Аниқтараш Савсан аз навбатдорӣ баргашта шавҳрашро дар бистари хобаш карахт бо лабу лунҷи каҷ дарёфт. Аввалин чизе, ки аз сари ҷавонзани покизадил гузашт ҳамин буд, ки кош дуояш намекардам, вале тир алаккай ба нишон расида буду пушаймонӣ бесуд…

Савсан як соли дароз бемордорӣ кард, чӣ рӯзҳои сахте кашид, мард каме ба худ омад, вале аз пешина дида зиёдтар асабӣ гашта буд, ҳарчанд забонаш ба ҳақорат намегашт, вале бо тири нигоҳи чашми каҷаш ҷони ҷавонзанро ба лаб меовард. Бо ҳамин азобҳо ду сол сипарӣ гашту Шаҳбоз донишҷӯ шуда барои зиндагӣ ба хонаи модараш омад. Бо омадани ӯ бори мехнати модар сабук гашта бошад ҳам, Аҳад Содиқи маъюби бистарӣ ҳеҷ намехост писарандараш дар ҳавлияш гашту гузор кунад. Давоми бемори Аҳад Содиқ ягона хабаргиру кӯмакрасони оила Азиз Холид буд. Ӯ зуд-зуд ба назди дӯсташ омада холисона ба ӯ кумак мекард, дар якҷоягӣ бо Шаҳбоз беморро оббозӣ доронда сару рӯяшро ба тартиб меовард, вале аз нигоҳи Аҳад Содиқ маълум буд, ки Шаҳбозро дар ҳавлияш дидан намехоҳад.

(Давом дорад)

Рухсора САИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД