arzon replenishment
Бахти ба хуни модар оғӯшта Қисми 3
2069

Охир агар у ба шавхар барояду фарзандони сагерамондаи Рауфро ба души худ гирад, онгах модари беморашро ки нигохубин мекунад. Бемории модараш садди бахташ буд. Рауф хам ба у гуфт, ки агар оиладор шуда хушбахт шудан хохад, пас бояд ки як рохро интихоб кунад. Рухсора андеша кард, ки синну солаш кайхо аз шавхаркуни гузашта хатто фарзанде хам надорад. Барои хамин бо акааш маслихат карда ба хулосае омад, ки модарашро то зан гирифтани акааш дар беморхонаи касалихои рухи мехобонанд. Чунки дигар илоче надоранд. Модар аз номи беморхона сахт мехаросид. Вакте ки духтараш ба либосхои уро чамъ кардан овора шуд, у хис кард, ки боз ба беморхона бурда мехобонандаш. Сахту бодард гирист.

-Рухсорачон, маро ба беморхона набаред. Чизе ки гуед, хамонро мекунам. Дигар аз хона намегурезам. Чон, духтарам, маро набаред. Агар падаратон биёяд, ки ба у хуроки гарм мепазад.

-Ох, оча…падарам нест рафтаги-дод зад Рухсора.

-Чи? Кучо рафтаги?

Рухсора ин дам дарк кард, ки нисбати модараш сахт беэхтироми кардааст.

-Очачон, маро бубахш, аммо падарамон солхо боз моро партофта рафтаги аст.

Ба ёд овард охирин сухбаташро бо падар. Падараш баъди талок кардани модараш аз холи уву бародараш тамоман хабар намегирифт. Рухсора аз амааш рафта раками телефони уро гирифту ба Русия, ки падараш он чо ба мухочират рафта зиндаги мекард, занг зад. Падар уро насихаткунон чунин посух дод:

-Духтарам, ба ман дар вакташ модари туро мачбури падару модарам ба зани дода буданд. Ман уро хеч гох дуст намедоштам. Маро бубахшед ва ба зиндагии ман кордор нашавед.Хар кас барои худ зиндаги мекунад.

Ин аввалину охирин сухани духтару падар ба воситаи телефон буд. Рухсора номи падарро аз лавхи дилаш ботамом барканда дигар уро хамчун мурда мепиндошт. Сабаби касалии модарашро дар хиёнати падар медид.

-Очачон, шумо гамгин нашавед, ман шуморо зуд-зуд хабаргири меоям.

-Медонам , ки ба шавхар баромадани хасти.

-Очачон, ман шуморо табобат карда баъд ба хона меораму бо дуои неки шумо ба шавхар медароям.

-Ту шавхар куни, маро ки нигохубин мекунад?

-Акаамро низ зан медихем.

Рухсора модарро буда ба беморхона хобонид. Ба хонаводаи янгаи собикаш рафта узрхохии зиёд карда янгаашро овардан хост. Аммо янгааш гуфт, ки то вакте кампири касали зинда аст, у ба хонаи шавхар барнамегардад.Рухсора омада хакикати холро ба акааш накл кард. Акааш гуфт, ки як зани миёнасол ба у писанд аст, хамонро як коса об кати никох карда мегираду вассалом. Рухсора гуфт, ки ба шарте ба зангирии бародар рози аст, ки ин зан барои модараш хамчун духтараш шуда хизмат кунад. Барои акааш ин занро бе ягон маърака оварданд. Акнун навбати издивочи Рауфу Рухсора расид. Рауф хам гуфт, ки холо пули кироие надорад ва бо як коса об никох карда Рухсораро мегираду ягон маъракаву дигар харчи зиёдати лозим нест. Рухсора рози шуд. Модари Рухсора шабона дид, ки хамширахои шафкат дар рохрави беморхона нестанд, охиста рафта кошукро гирифта дарро кушоду аз беморхона фирор кард. Пои пиёда то хамгашти Садбарг омад. Акнун аз рох гузаштани буд, ки мошини хоричие бошаст аз болояш зер карда гузашт. Дар ин нимашаби дар куча ахён-ахён мошинхо намудор мегаштанд. Ронанда аз тарс гурехта рафт. Зани бадбахт аз зарби бадхайбати чарххои мошин чисмаш резаву пурхун хамоно нолиш мекард.Рухсора ин дам дар хонаи шавхар хоб буду аз хобби вахмангези дидааш, ки гуё модараш болои дарахте нишаста ба дар огушаш гурбаи сиёх дорад, бедор шуда обнуши рафт. Дилаш аз пешомади баде гувохи медод. Зуд телефони шавхарашро гирифта ба беморхона занг зад. Аз он чо гуфтанд, ки се соат пештар модараш аз беморхона гурехтааст. Ин хабар дили Рухсораро тарконид. Аз шавхар зори кард, ки якчоя ба кофтукоби модар бароянд. Баъди ду руз Рухсора часади модарро аз морг дарёфт. Рухсора худро дар марги модар гунахкор медонист.

…Чаро ман модари азизамро ба беморхона бурдам …Охир дили у намекашид, ки ба он чо равад…..Рухсора ба худ мегуфт, ки ба ивази марги модар у бахти худро дарёфт, вале ин бахт барояш ширин набуд….

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД