Arzon march 2024
Бахти ба хуни модар оғӯшта Қисми 2
2062

Акааш шарт гузошт, ки хонаро ба номи у кунад модараш. Рухсора рози шуд. Модари беморашро тирамоху бахор бо пули калон ба беморхонаи касалихои рухи бурда мехобонид. Модари азизаш замоне зани занон буд.

Аммо холо чехрааш ба мисли пиразанхои 100 сола аст. Ба худаш ахамият намедихад. Вакте ки падараш аз бахри онхо баромада зани чавон мегирад, модараш якбора ба дарди равонии гамбодда гирифтор шуда саломатиаш мекохад. Баъди хамин дигар ягон доруву даво фоидае намекунад. Аз хамон вакт инчониб модараш савдои аст. Рухсора ба сини 47 кадам монд. Аммо то хануз ба дари онхо хостгоре кадам намондааст. Касе ки дар бораи келин кардани у сухан мекунад, даррав хамсояхои баддахон омада мегуянд, ки «як очаи касали дорад, боз мабодо аз духтараш хам кудакони касали ба дунё наояд». Рухсора аз бебахтиву бемории равонии модар дилтанг шуда гоххо гумон мекард, ки у хам бемор шудааст.

Чунки ба сараш фикрхои хахеле меомад. Чойи корашро аз модар пинхон нигох медошт. Чунки модар вакти шадидии чунунаш ба чойи кораш рафта уро шармандаву шармсор мекарду гапхои носазо мегуфт. Ин саввумин беморхонае буд, ки Рухсора аз руйи модар корашро иваз карда буд. Рухсора баъди кор ба хона омаду акаашро дар берун дид.

-Ха ака, тинчими?

-Чангам макун. Субх аз паси ту хушам надод, ки дарро кулф кунам. Хобам сахт бурдааст. Нав аз хоб хеста модарамро дар хона наёфтам . Гурехта ба кучое рафтааст.

-Ох, акачон, ин чи кори кардаат буд?Акнун аз кучо уро меёбем?

-Кофтам тамоми гирду атрофии биноро, наёфтам. Занаки ошёнаи якум зиндаги мекардаги мегуяд, ки модарамро дидааст , ки ба он тарафи рох гузашта ба микроафтобус нишастааст.

-Тавба, акнун уро аз кучо меёбем?Охир модарам ин вакт боз савдои мешавад, акачон

💛

-Мекобем боз,ту зик нашав.

…Худоё , модари беморам ба кучо рафта бошад? Ба хонаи холаи Назира мабодо нарафта бошад?

Рухсора раками телефони дугонаи давраи чавонии модараш Назираро гирифта занг зад.

-Ало,ассалом, мебахшед,холаи Назира,ташвишатон додам. Шумо хубед?Модарамро боз гум кардем.Ин навбат аз хона гурехта рафтааст. Майлаш.Хуб монед.

..Ин чо хам набудааст. Модари бемори ман, модари яктои ман..

Рухсора ашки дидагонашро пок карда ба суйи шуъбаи корхои дохила рафт.Акси модарашро дода хохиш кард, ки уро дарёбанд.Милисаи навбатдор уро шинохта салом доду гуфт:

-Ин даъфа хам очаат гурехта рафтааст чи. Кисми зиёди беморони рухи хамин хел аз хона баромада мераванду гоххо онхоро меёбем ва гоххо дар ягон чо мурда мемонанд.

-Ин тавр нагуед.

-Ман дар омади гап гуфтам, хохарам.

Рухсора ба истгох омаду аз одамони он чо буда акси модарро нишон дода пурсид,ки хамин занро надидаанд.Яке гуфт, ки ба хамин зан монандро дар назди бинои Цирк дидааст, ки руйи алаф нишаста пул гадои мекардааст.

Рухсора зуд ба микроафтобус нишасту ба суйи мавзеъи Цирк равона гардид. Модарашро дид, ки руйи сабзаи тар нишаста бо овози баланд сурудхони дораду рахгузарон хангоми гузаштан наздаш танга партофта истодаанд. Доду фигони калбаш баромад. Давиду модарро ба огуш кашида гуфт:

-Очачон,кучо шудед? Маро тарсондед? Ин коратон хуб нест.

-Ман зик шудам. Ин чо хуб аст. Хам одамон пул медиханду хам зиккиам бартараф шуд.

-Рафтем, очачон.

-Намеравам.

Рухсора ноилоч модарро дудаста капида кашон кашон ба мошини кироя савор карда ба хона овард. Модар бошад тамоми рох уро хакорат карда гапхои носазо мегуфт. Ронандаи такси хайрон ба Рухсора нигох карду гуфт, ки «магар модарат касалии рухи дорад»?

-Оре

-Мо хам як хола доштем . Тамом умр ба касалии рухи мубтало буд. Факат ба домулло бурда мехонондем.

-Э акачон,такдири бад. Мо хам уро чандин бор бурда ба домулло хонондем. Бефоида.

Ронандаи такси ба чехраи бечирму сафеди Рухсора нигариста аз дил гузаронид, ки ин чавонзан ин кадар дилкаш аст. Хангоми пул додани Рухсора пулро нагирифту гуфт, ки раками телефонашро дихад.

Хамин тавр Рауфу Рухсора шинос шуданд. Рауфро чанде пештар хамсараш сари фарзанд вафот карда буд. У ба худ хамсари лоик мечуст. Акнун онхо хар руз телефони сухбат мекарданд. Рухсора хурсанд шуд, ки бахташ ба пойи худаш омад. Аммо боз вазъи саломатии модарро фикр мекарду дилаш зикки меовард.

Давом дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД