Arzon march 2024
Бахти ба хуни модар оғӯшта Қисми 1
1978

Рухсора корхои хонаро зуд ба сомон расониду дар тародуди коррави шуд, аммо нолиши паст-пасти модари бемораш ӯро парешон карда ба хонаи хоби ӯ даромад.

-Очачон, чи шуд? Ягон ҷоятон дард мекунад?

-Албатта дард мекунад, тамоми устухонхоям дард мекунанд, ту боши маро партофта ба кор мерави...

-Охир модарчон, агар ба кор наравам, чи мехӯрем?

-Мон акаат кор кунад. Ту хамрохи ман дар хона шин.

Рухсора хост гӯяд, ки очаи бемораме, чонама ба лабам оварди, вале астагфурруллох гуфту сари модарашро сила карда тассалояш дод:

-Очаҷон, то бегохи харгиз аз тиреза ба куча нигох накунед. Фахмидед?

-Яке баногах падарат биёяд чи?

-Ӯ дертар меояд.

-Не, бачам, ӯ меояд. Ман то омаданаш аз тиреза нигох мекунам.

-Модарчон…

Рухсора медонист, ки модари рухан бемораш ба чизе сарфахм намеравад ва ба вай чизеро фаҳмондан бефоида аст. Ба хонаи хоби акааш даромада ӯро бедор кард ва зорикунон гуфт:

-Акачон, хезед, аҳволи очаам имруз боз бад шудааст.Мабодо гапи сахташ нагуед.Хӯрок тайёр . Ӯро гушна намонед. Нигох кунед, ки аз тиреза худро мисли он рӯза кашол накунад.

-Майлаш.

Рухсора хавотиру ашк дар чашм аз зинаҳо фаромада истода зери лаб худ ба худ мегуфт: «Ох, очачони касалии ман. Ба чойи он ки ту маро нигохубин кунӣ, ин кадар сол ман туро нигохубин кардам. Миннат намекунам, вале аз пушти модар шуда, аз ҳама чиз мондам, на шавхар дораму на фарзанд.Оянда кӣ маро дастгир мешавад? Модарчони азизи ман, он кадар азобам доди, он қадар хуни дил хурдам, ки ногуфтанӣ. Ин кадар душвор будааст модари беморро солхои сол нигохубин кардан...

Рухсора саргарми ҳамин андешаҳо ба микроафтобус нишасту ногахон дугонаи давраи мактабиашро дид:

-Салом Рухсора, хуби?

-Хубам шукри Худо. Худат чи хол дори?

-Ман шукри аллох сохиби се писарчаам. Ту чи?

-Ман хануз шавхар накардаам.

-О чаро, дар синфамон аз хама серхаридортарин духтар ту буди-ку!

-Такдир дугонаҷон, тақдир!

-Холо хам модарат бемории рухи дорад?

-Оре…

-Офаринат.

хххххх

Рухсора аз микроафтобус фаромаду ба суйи коргох пиёда рафтан гирифт. Дилаш ба ёди ашки аввалину охиринаш гум зад.

Рухсора дар синф хам аълохон буду хам зебо. Аммо доимо парешонхотиру рангаш кохидаги мегашт. Бо вучуди одди либос пушидан ба чашм намоён буд. Вакти иди шарифи Рамазон дугонахояш гуфтанд, ки ту факат ба хонаи мо идгардак мерави, акнун моро ба хонаатон даъват кун.У ноилоч рози шуду онхоро ба хона овард. Аммо хамин ки дарро кушода хамсинфонаш ба даруни хона ворид гардиданд, модари бемораш ки асосан моххои тирамоху бахор касалиаш авч гирифта чизеро намефахмид, онхоро дида мую руй канда Рухсораро дуои бад кардан гирифт.

-Ин Рухсора дарро дар руи ман кулф карда рафтааст. Имруз хама ид мераванд, ман бошам дар хона танхо. Ин шумкадам аст. Вакте ки дар кадам буд, падараш маро партофта зани чавон гирифт.

Хамсинфонаш аз дами дар баргашта рафтанд. Рухсора он руз факат мегиристу аз худо талаб мекард, ки зудтар модарашро шифо бахшад.Байни хамсинфонаш чавонписаре уро самими дуст медошт. Вакте ки ба хонаводаи у хабар расид, ки модари Рухсора касалии рухи дорад. Онхо бо писарашон чанчол бардошта гуфтанд:

-Ин хел хонаводаи касали барои мо арзанда нест. Агар думи хамон духтарро гирифта рафтани боши, рав. На мошин медихему на хона. Окат мекунем.

Сайфидин харчанд нисбати Рухсора ишки хакики дошта бошад хам, чуръат намекард, ки бар зидди модару падар барояд. Уро баъди мактабро хатм кардан зуд бо хавасу тую тамошо зан доданд. Шаби туйи Сайфидин Рухсора дар хона назди модар нишаста муйхои уро шона мекард. Модар мисли пешина уро дустдори карда мегуфт:

-Духтарчонам,агар ту намебуди, маро ки муйхоямро шона мекард.

-Ин тавр нагуед, модарчон.

Рухсора мактабро бо бахои хубу аъло хатм намуд. Аммо шароит надошт, ки ба ягон чой хуччат супорад. Орзуяш табиб шудан буд. Аз бахри хаваси туйи аруси баромада ба нигохубини модари бемораш машгул шуд. Акааш пештар ронанда кор мекард. Зани акааш бо хушдомани касалиаш доимо чанчол мебардошт. Окибат рузе аз хона ду кудакашро гирифта баромада рафт. Рухсора дар беморхона ба хайси фаррош ба кор даромаду аз акааш хохиш кард, ки рузонахо нигохубини уро ба души худ гирад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД