Ман яке аз хонандагони доимии ҳафтаномаи “Оила” ҳастам. Синну солам ба 40 расида бошад ҳам, боре оиладор нашуда будам. Шояд сабаб дар он бошад, ки чандон зебо нестам ва орову торо карданро ҳам дӯст намедорам.
Дар ин солҳо аз дӯсту бегона чӣ қадар гапу таҳқирҳое нашунидам, барои хешу ақрабо ва ҳамсояву ҳамкоронам ман “пирдухтар” будам. Вақте “Оила”-ро мутолиа мекардам, медидам, ки занону мардони муҷаррад тавассути саҳифаи шиносоӣ бо ҳам шинос мешаванду оила бунёд мекунанд, вале шарм медоштам бо ин мақсад ба идораи ҳафтанома муроҷиат намоям.
Рӯзе модару холаҳоям маро маҷбур карданд, ки эълони худро дар рӯзнома ҷой кунам, вале рақами телефонамро дар ҳафтанома нагузорам. Вақте ба масъулини гӯшаи “Маро танҳо нагузор” занг зада, мақсадамро баён намудам, эълони маро қабул намуда, гуфтанд, ки ба ҷои телефони ман рақами идораро мемонанд. Ҳамин тавр, дар муддати кутоҳ марди занмурдае пайд шуд, ки ба талаботҳои ман ҷавобгӯ буд. Мо маъракае ороста, бо ҳам издивоҷ намудем. Ҳоло дар хонаи шавҳарам зиндагӣ дораму худро хушбахттарин зани дунё мешуморам.
Бо шарофати “Оила” тамоми бадбахтиҳоямро фаромӯш кардам. Ташаккур ба кормандон ва масъулини гӯшаи “Маро танҳо нагузор!”
Хонандаи “Оила”