new banner new years
Бахт рақам надорад Қисми 2
1572

Пас аз додани сари соли хусуру хушдоманам, шавҳарам ба таври расмӣ аз ман ҷудо шуда, талоқмро дод, ман низ хомӯш хонаеро, ки хонаи бахт гуфта, ворид шуда будам, тарк кардам. Ба хонаи падару модарам омадам, аммо касе маро хуш қбул накард. Дар ин муддат падарам аз дунё гузашта буду модарам пиру мариз ва дастнигари келинҳо буд, ман маҷбур шудам баъди шаш моҳи ҷудоӣ аз шавҳар бори дуввум хонадор шавам.

Мо ҳамсояе доштем, ки барои мо болотар аз сад хешу табор буд, ана ҳамин ҳамсояамон дар дубора оиладор шудани ман, нақш дошт. Келини ҳамсоя, ки аз оилаи сарватманде буд, маро барои амаки занмурдааш хостгорӣ намуд ва ман розӣ шудам. Барои ман фарқе надошт, ки шавҳаршавандаам пир, кал ё кӯр аст, танҳо духтарчаамро ба фарзандӣ қбул кунад, шуд. Зеро дар хонаи волидонам мо азоб доштем, хӯрдану пӯшиданамон хуб бошад ҳам, азоби равонӣ доштем. Янгаҳоям ҳамеша ину онро мисол меоварданду маро мешунавониданд, ки шавҳарамро сахт қпида натавонистаму имрӯз қсру кушкамро бегонае соҳибӣ мекунад. Ман, ҳатто ба домодшаванда вонахӯрдам, бародаронам як маъракачаи хоксоронае ороста, маро ба хонаи бахти дуввумам гуселониданд. Хонаи панҷҳуҷрадори муҷаҳҳаз дар маркази пойтахт, шавҳарам шахси номдор, солҳои зиёд дар вазифаҳои роҳбарӣ кор кардаву ҳоло нафақхӯр, аз ман сӣ сол калон буд. Ду писару як духтар дошт, духтари хурдияш ҳамсоли ман буд, писару келинҳояш аз ман бузург буданд, вале аз рӯйи ҳурмат апаам мегуфтанд. Зиндагиям бо шавҳари пирам бисёр хуб оғоз шуд. Ман сухани хушу лутфу меҳрубониро аз вай мешунидаму оҳиста-оҳиста меҳраш дар дилам ҷо гирифт. Бо ёрии фарзандони шавҳарам ба донишгоҳ дохил шудаму дар бонке ба кор даромадам. Духтаракам дар беҳтарин мактаб мехонд ва шавҳарамро дада мегуфту аз ҷонаш зиёдтар дӯст медошт. Бо гузашти солҳо духтаракам қд кашида, ба камол расиду бо маслиҳати падараш ба Донишгоҳи тиббӣ дохил шуд. Дар курси дуввум мехонд, ки аз хешони шавҳарам хостгор баромаду мо ӯро фотеҳа кардем. Рӯзи тӯяш фаро расиду шавҳарам ба писараш фармуд, ки падари аслияшро ёфта, барояш даъватномаи тӯй баранд. Ману духтарам нею нестон кардем, духтарам худашро пеши пойи шавҳарам партофта гуфт:

-Дадаҷон, падари ман шумоед, ман каси дигарро дидан намехоҳам. Аммо шавҳарам дасти духтарамро гирифта, ҳарду ба хонаи дигар гузаштанду намедонам чӣ гуфтанду чӣ шуниданд, ки дигар то тӯй касе дар ин бора гап назад.

Рӯзи тӯй духтаракам ба фариштае шабоҳат дошт, ки аз дидани қомати мавзун ва симои зебояш дар дилам сад армону ҳавас гул мекард. Боварӣ доштам, ки Олимҷони фарзандбезор, ки тӯли ин қдар солҳо боре моро суроғ накарда буд, ба тӯй намеояд, вале омад…

Бо дастаи гулу савғоҳои зиёд, шавҳарам бо ӯ хуб саломуалейк кард, фарзандонаш низ, духтарам бошад, сардакак бо падари хунияш вохӯрӣ намуд. Духтарамро ҳамроҳи домоди нозанин ба хонаи бахташ равон кардему бо мӯйсафедам танҳо мондем. Ҳарду нақшаҳо мекашидем, ки агар Худо хоҳаду духтаракам фарзанддор шавад, як кӯдакашро гирифта худамон нигоҳубин мекунем, аммо…

Олимҷон пас аз тӯй зуд-зуд ба хабаргирии духтарамон меомад ва дар хонаи қудо нақл кардааст, ки бо занаш ҷудо шудааст, зеро дигар фарзанддор нашудаанд. Барои ман фарқе надошт, зиндагии кунунии шавҳарам, духтарам низ бо ӯ сард муносибат мекард. Пас аз шаш моҳи тӯйи духтарам, шавҳарам ба бемории бедавое печиду дар ду моҳ шамъ барин об гашта, хомӯш гашт. Ду рӯз пеш аз маргаш ӯ ману писари калонияшро наздаш хонда гуфт:

- Писарам, ман хонаву дар, мошину пули дар бонк доштаамро бо номи апаат кардам, аммо боварӣ дорам, шумо низ ба хотири ман ӯро нигоҳубин хоҳед кард. Ин зан умри ҷавонашро қурбони ман кард…- ва ба ман рӯ оварда, илова намуд,- занакҷон, агар тавонӣ бо падари духтарат оштӣ намо. Аз рӯйи шунидам, ӯ аз занаш ҷудо шудааст, ту ҷавону зебоӣ, ӯ ҳам марди ганда нест, дар ҷавонӣ ҳар кас хомӣ мекунад.

Ман ба ӯ нигаҳ карда гуфтам, ки “дадаш, ман ҳеҷ гоҳ туфи кардаамро баргашта ба даҳон намегирам. Шавҳари ман шумоед ва падари фарзандам ҳам”. Ду рӯз пас аз ин сӯҳбат шавҳарам дар дили ман доғ гузошта, оламро тарк кард. Духтарам дар ғами падараш хун гирист, ман низ аз ягона пуштибонам дар дунё ҷудо шудааму худамро зери чархи гардун танҳои танҳо эҳсос мекардам. Аз марги шавҳарам як сол гузашту духтарам писарча таваллуд карда, номи ӯро ба фарзандаш гузошт. Олимҷон дар ин муддат чандин бор таклифи оштӣ шудан кард, аммо ман нахостам. Имрӯз духтару домодам бо ман зиндагӣ мекунанд, зиндагиям тинҷу осуда, ширинии набераҳакамро чашида умр ба сар мебарам. Бо фарзандони шавҳарам муносибати хубе дорем. Дилам барои шавҳарам пилтачароғи рӯзи мотам барин месӯзад. Ба ёди ҷавонмардиву дили бузургаш. Касе мегӯяд, ки бахти дуввум бахт нест, сад бор хато мекунад. Зеро ман маҳз бо шавҳари дуввумам фаҳмидам, ки бону ҳастаму пуштибон дорам, гумон мекунам, ки бахт рақм надорад. Боқӣ, қзоват аз шумост, хонандагони азиз.

            

                                                               Зарагул, ноҳияи Восеъ

                                                               Таснифи Нисо Холид    

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД