Бахт рақм надорад
Дар оилаи миёнаҳол ба дунё омадаам. Байни чор бародар духтари сархаму хизматгор ва баодоб ба воя расидам, ҷавонони ошиқ аз тарси бародаронам ба сӯям нигоҳ намекарданд. Баъди хатми мактаб хонаамон хостгорборон шуд, зеро панҷ панҷаам ҳунар буду дар ҳусну малоҳат низ аз касе камбудӣ надоштам. Бисёр мехостам ба коллеҷи тиббӣ дохил шуда, духтур шавам, вале бародаронам рад карданду маро ба шавҳар доданд. Шавҳаршавандаам аз оилаи сарватманд, хешони дури падарам, ҷавони соҳибмаълумоту ниҳоят зебо буд. Модарам аз орзуҳои ман хабар дошту тасаллоям медод, ки барои зан муҳимтар аз ҳама шавҳари хуб аст.
-Бисёриҳо хонда дипломро таги сар карда мехобанд, Олимҷон ҷавони ояндадор асту Худо хоҳад, зани занон шуда, роҳат карда зиндагӣ мекунӣ,-сад бор таъкид мекард модарам. Падару модари Олимҷон бароям ҷиҳози зебо оварда, тӯйи осмонкафе ороста, маро ба хонаи бахтам бурданд. Аз дидани шоҳмарди зебову ороста дугонаҳоям бо ҳаваси ошкоро ба ман менигаристанд, вале…
Хусурам марди сарватманди босалобат, вале хеле меҳрубон, хушдоманам низ бонуи фарҳангию хушсухан буданд. Онҳо як писару як духтар доштанд, апаи шавҳарам Сурайёхон кайҳо шавҳар карда, соҳиби хонаву дари обод ва зиндагии шоиста буд. Ман бо аҳли хонаводаи шавҳарам аз рӯзи аввал забон ёфтаву худӣ шуда мондам. Аммо шавҳарам гӯё аз сайёраи дигар буд, худхоҳ, якрав, катаччаву ниҳоят эрка. Хушдоманам насиҳат мекард, ки агар дастат дар зар бошад ҳам, аввал хоҳиши ҳамин «наҳтутӣ»-ро (дар мо одами зиёд эркаро ҳамин гуна меноманд) иҷро кун. То гапи зиёдатӣ ёфта, хафаат накунад…
Ман низ насиҳатҳои хушдоманамро шиори зиндагиям намуда, дар хизмати шавҳарам ба ҷон мекӯшидам, вале эҳсос мекардам, ки ӯ занакбозӣ мекунад. Бӯйи атри занона, гиребонҳои аз лабсурхкунак доғдор, зангу паёмакҳои нимашабӣ… Хулоса, ман кӯр ё кар набудам, ки ин ҳамаро эҳсос накунам, аммо худамро ба кӯрию карӣ зада, бо меҳрубонӣ ӯро ба кор гусел мекардаму бо бӯсаву хандаю канор аз кор пешвозаш мегирифтам. Ҳамсарам ба ман меҳрубон набуд, аммо азиятам низ намедод, ба ҳамин хотир зиндагиямро идома медодам. Барои рашку фикрҳои беҳуда вақт низ надоштам, дар хонадони серкору сермеҳмони шавҳар шабу рӯз ба кор банд будам. Ҳарчанд хизматгор доштем, аммо корҳои асосиро худам иҷро мекардам. Баъд аз шаш моҳи тӯямон дар қдам фарзанд пайдо шуд, хушдоманам намегузошт, ки даст ба оби хунук занам. Гумон доштам, ки муждаи ширин ҳамсарамро ба ман меҳрубон мегардонад, вале Олимҷон инро сард қбул кард. Бо гузашти мӯҳлати ҳамл соҳиби духтарчаи нозанине шудам, то чилрӯзагӣ дар хонаи модарам будам. Дар ин муддат шавҳарам танҳо ду бор барои хабаргириям рафт, он ҳам бошад, ҳамроҳи хусуру хушдоманам. Маълум буд, ки онҳо писарашонро маҷбур ба аёдати фарзандаш овардаанд, Олимҷон умуман ба духтарчаамон меҳрубоние изҳор намекард. Баъди чилрӯзагӣ модарам бо кулчаю ҳалво ва гаҳвораи нақшин ману Фариштамоҳро ба хонаи худамон овард. Хусурам ба духтарам номи модарашро монда буд ва Фариштамоҳи маро очаҷон мегуфт. Зиндагии якранги ман, якрангтар гашта буд, зеро шавҳарам акнун “кӯдак гиря мекунаду ба хобам халал мерасонад” гӯён, дар хонаи дигар хоб мекард. Танҳо ҳангоми сархуш буданаш гоҳе духтарамро сари даст гирифта, дӯстдорӣ мекарду халос, ман бошам барояш умуман вуҷуд надоштам. Фариштамоҳи ман яксола шуду мо рӯзи зодрӯзашро дар ҳалқи хонавода қйд намудем, падараш чун ҳарвақта дер омад. Хоҳаршӯям дар сари дастархон барои ман роҳхат ба яке аз осоишгоҳҳои машҳури кишварро тақдим карда гуфт, ки ҳамроҳи Олимҷону Фариштамоҳ рафта дам гирифта биёем. Хушдомани меҳрубони аз дили ман огоҳам бошад, гуфт, ки Фариштамоҳро худам нигоҳубин мекунам, дукаса рафта биёед. Чун Олимҷон ин таклифро шунид, “ман кори зиёд дорам” гуфта, рад кард ва ман аз хусуру хушдоманам хоҳиш кардам, ки дукаса рафта истироҳат карда биёянд. Онҳо рафтанду дар бозгашт ба садама дучор шуданд… Пуштибонҳои ман, ду нафаре, ки аз ҷони ширин зиёдтар дӯсташон медоштам, зери хоки тар рафтанду ман дар хонаи бошукӯҳ мисли ятим мондам. Баъди марги падару модараш шавҳарам тамоман дигар шуд, бисёр шабҳо ба хона намеомад. Дили ман баъди марги хусуру хушдомани меҳрубонам аз ҳама чиз монда буду сарду хомӯш бегона шудани ҳамсарамро назора мекардам. Мусибати бузурги ба сари хонаводаамон омада дили маро хун карда буд. Бемеҳриҳои шавҳар маро ба ӯ бегона карда буданд, дар назарам на зебогияш метофту на дороияш, ба хотири духтаракам ҳаётамро идома медодам.
Давом дорад