Насли ҷавон ҳар рӯз аз наздикон ва хешу таборонашон ин ҷумлаҳоро мешунаванд: «Худо бахтат диҳад, бачем!», «Илоҳо соҳиби бахт шавӣ!», «Ба шавҳар набаромадӣ? Э, бачам, дер нашуда бахтата ёб».
Хушбахтӣ чист?
Дар ҷомеаи мо бахтро бештар ба издивоҷ, яъне оила барпо кардан ҳаммаъно медонанд, дар ҳоле ки бахт метавонад мазмуни гуногун дошта бошад.
Бисёре аз модарон, ҳангоми дуо кардан барои фарзандонашон, пеш аз ҳама мегӯянд: «Худо бахташро диҳад», яъне зудтар оиладор шавад. Албатта, чунин андешаҳо худ аз худ пайдо нашудаанд, балки решаҳои амиқи фарҳангӣ ва таърихӣ доранд.
Пештар зан дар ҷомеаи суннатии мо нақши Модар ва ҳамсарро иҷро мекард, бинобар ин бояд ҳарчи ҳудтар оила барпо карда, хизмати шавҳару хонаводаашро мекард.
Аммо дар ҷаҳони имрӯз, ки арзишҳо васеътар ва фаҳмишҳо амиқтар шудаанд, шояд лозим аст, мафҳуми “бахт”-ро бо чашми нав бубинем. Зеро маҳз ҳамин гуна фикру андешаҳо тафаккури насли ҷавонро оиди хушбахтии аслӣ ва дарёфти худ коста мегардонад. Аз тарафи дигар фишори атрофиён оиди зудтар ёфтани бахти хеш имрӯз ба равони ҷавонон таъсири манфӣ мерасонад. Албатта шавҳар ё зан гирифтан муҳимтарин бахши зиндагии ҳар як инсон аст. Аммо ба назарам ин маънои онро надорад, ки то ин дам “бадбахт” будему баъди оиладор шудан “хушбахт” шудем.
Оё оиладорӣ худи бахт аст?
Хушбатӣ танҳо натиҷаи муҳити беруна нест, балки пеш аз ҳама ҳолати ботинист. Албатта, оила ин неъмати Парвардигор аст ва муҳаббат ба фарзанд ва шарики зиндагӣ ин ҳама қисмати бузурги хушбахист.
Вале… ҳама дар муносибати оилавӣ хушбахтии ҳақиқиро эҳсос мекунанд?
Масалан, зане, ки маҷбурӣ ба шавҳар мебарояд хушбахт аст?
Марде, ки бо хоҳиши хонавода хонадор мешавад бахти воқеиро меёбад?
Ҷуфте, ки якдигарро намефаҳманд, вале то охири умр таҳаммул мекунанд магар бахт ёфтаанд?
Зоҳиран калонсолон ҳам медонанд, ки бисёре аз зану шавҳари ҷавон бо ҳам хушбахт нестанд, зеро маҷбуран издивоҷ кардаанд ва ё бо кадом мақсади дигар, ин ҳолатҳо ҳаргуна рух медиҳанд.
Оилае, ки дар он муҳаббат, эҳтиром, оромиш ва амният нест баръакс метавонад сарчашмаи бадбахтӣ бошад. Аз инҷо бармеояд, ки хушбахт будан танҳо дар оиладор будан нест, балки созиш доштан бо ҳисси даруни худ ва бо дигарон, эҳсоси шодӣ дар ҳар нафас ва ҳамоҳангӣ доштан бо ҳама чиз ин аст хушбахтии воқеӣ. Пас бахтро аввал дар худ бояд ҷуем ва баъд онро дар дигарон низ хоҳем дид.