Arzon march 2024
Бахилбонуи бебахт (ҚИСМИ 1)
3264

Гулоро ва Зуҳро дар як синф мехонданд, ҳарду духтарони зебо ва аълохон буданд. Гулоро Зуҳроро аз рўзи аввал бад медид ва ба ў бахилӣ мекард, зеро Зуҳро ягона духтари аз ў зеботар, боодобтар ва сарватмандтар буд. Не, шумо хато кардед, Зўҳро духтари ягон сарватманд набуд…

Падари Зўҳроро айёми ҷанги шаҳрвандӣ кушта буданд, духтарак бо модараш ба хонаи бобову бибии падарияш баргашт. Зеро хонаи падарияш сӯхта хокистар гашта буду аз аҳли оилаи падараш ягон нафар зинда намонда буданд. Ҳамон шаби наҳс Зўҳро бо модараш дар хонаи бибияш буданд. Духтарак як сол дошт ва дар ёдаш симои падараш нест, Худованд аз Зуҳро падарашро гирифт, вале се тағояш ўро рўйи даст мегардонданд. Модараш, ки хеле ҷавон буд, шавҳари нав кард, вале тағоҳо ҷияни дўстдорашонро ба апаашон надоданд. Зуҳро ду холаву ду тағо дошт, холаҳо кайҳо шавҳар карда, рафта буданд. Зўҳро марҳами доғҳои бибияш гашта буд, ки дар ҷанги шаҳрвандӣ шавҳар ва се додарашро аз даст дода буд. Ба эрка карданҳои тағоҳояшу бибиву модараш нигоҳ накарда, духтари хоксору сарпасте буд, аммо Гулорову модараш кўдаки бечораро паст мезаданду ҳамроҳаш ҷанг мекарданд, таънааш мекарданд, ки модараш ду шавҳар кардааст. Зўҳро аз ин амали духтару модар ҳайрон мешуд, охир модари ў дар шаҳри дуре зиндагӣ мекарду парвои гапу кори касе надошт. Духтарашро ҳам напартофта буд, ў ба марди тоҷире ба шавҳар баромада буд, ки аз ҳамсараш ҷудо шуда буд, оилаи касеро вайрон накарда, духтарашро ҳам напартофта буд. Зуд-зуд Зўҳроро ба хонааш мебурд ва барояш ҳама чизро харид мекард. Зўҳро рўз аз рўз калон шуда, зеботар мегашт. Гулоро ва модараш акнун пайи бадномкунии ў камар баста буданд. Гуноҳи духтарак ҳамин буд, ки муаллимону ҳаққу ҳамсоя Зўҳроро ҳамеша таърифу тавсиф мекарданд ва овоза шуда буд, ки писари раиси ноҳия ба ў ошиқ шуда, новобаста аз он ки дар синфи нўҳум мехонад, аллакай хостгорони худро равон кардааст. Гулорову модараш Гулмоҳӣ то хонаи раис хабар фиристодаанд, ки духтур духтари хуб нест...

Зўҳро бори аввал дар ҳаёташ пеши тағои калонияш гиристу шикоят кард, ки чӣ гуна ҳамсинфаш бо модараш ўро азоб медиҳанд. Худи ҳамон бегоҳ, холаву тағоҳои Зўҳро ба хонаи Карими «латта» (мардуми деҳа ба падари Гулоро барои аз занаш тарсидан, ҳамин гуна лақаб монда буданд) рафтанд, онҳо Зўҳроро ҳам бо худ гирифтанд.

Гулмоҳӣ, ки даҳони калонаш ба даҳони лаққамоҳӣ монанд буд ва ин ном ба вай бештар мечаспид, дастон ба миён онҳоро пешвоз гирифт, вале тағои хурдии Зўҳро шасти ўро гардонд:

- Гўш кун, бефаросат! Ту барои ин қадар солҳо азоб додани як кўдаки бечора, пеши ман не, пеши қонун ҷавоб мегўӣ! Фаҳмо?! Зўҳро ба ту чӣ бадӣ кардааст, ки ин қадар ҳақораташ мекуниву боз ба бадномкунияш сар кардаӣ?! Ту нозу бозоратро ба шўи латтаат кун, ман бо ту дигар хел кор мекунам!

(Давом дорад)

Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД