Sebiston new 2024 october
Баъди талоқ кӯдак бо кӣ зиндагӣ мекунад?
23.03.2024
ОИЛА
1176

Дар сурати ҷудо зиндагӣ намудани падару модар, ҷои истиқомати кӯдак чӣ гуна муқаррар мешавад?
Ҳамида, шаҳри Хуҷанд.

Посух

Мутобиқи талаботи моддаи 64 Кодекси оилаи ҶТ ҷои истиқомати кӯдак дар сурати ҷудо зиндагӣ кардани падару модар бо мувофиқаи байни онҳо муқаррар карда мешавад. Дар сурати набудани мувофиқа, баҳси падару модарро суд дар асоси манфиати кӯдакон ва бо назардошти фикру хоҳиши онҳо ҳал менамояд.

Зимнан суд дилбастагии (меҳри) кӯдакро нисбат ба падар ё модар, бародару хоҳарон, синну соли кӯдак, сифати маънавӣ ва дигар сифатҳои хосаи падару модар, муносибате, ки байни падар ва модар ва кӯдак мавҷуд аст, имконоти ба кӯдак фароҳам овардани шароити тарбия ва рушду камоли он (навъи фаъолият, низоми кори падару модар, вазъи моддӣ ва оилавии падару модар ва ғайраро) ба инобат мегирад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД