Дар ноҳияи Дарвоз шуруъ аз соли 2023 моҳии сурх парвариш меёбад, ки соли 2025 ба фурӯш бароварда мешавад.
Бино ба гуфтаи масъулини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, моҳии сурх як навъи гулмоҳӣ мебошад ва ин минтақа барои парвариши гулмоҳӣ хеле созгор аст.
Бадахшон дорои кӯлҳои зиёде мебошад, ки метавон дар онҳо моҳипарвариро ривоҷу равнақ бахшид. Мувофиқи маълумоти муҳаққиқони гидрологӣ, дар Бадахшон зиёда аз 1500 ҳавзу обанбори гуногуни табиӣ вуҷуд дошта, дар баъзе обанборҳо захираи кофии моҳӣ мавҷуд аст.
Моҳии сурх асосан дар баҳр сукунат мекунад. Мутахассисон бо пайдо намудани роҳҳои нав парвариш ëфтани онро дар Тоҷикистон имконпазир донистаанд.
Гуфта мешавад, ки парвариши моҳии сурх дар Осиëи Марказӣ ҳанӯз ба роҳ монда нашудааст ва ин нақша бори аввал дар Тоҷикистон бо истифода аз технологияи нав амалӣ мегардад.