Салом! Ман мухлиси ашаддӣ буда, ҳамаи қиссаҳоятонро мехонам ва имрӯз хостам рози диламро гӯям, то мардум шунаванд.
Ман вақте ки 13 ё 14 сола будам, писари тағоям ба номусам дастдарозӣ кард. Ӯ маро тарсонд, ки ба касе нагӯям. Баъди он ҳамроҳи модарам ба хонаи бибиам рафтам ва ин корро боз як-ду бори дигар кард. Он вақтҳо ман ба чизе сарфаҳм намерафтам. Ӯ таъкид мекард, ки ба касе чизе нагӯям, в-агарна ҳардуямонро мекушанд. Ман ҳам тарсида ба касе чизе намегуфтам. Як бор вақте ки боз корашро карданӣ шуд, ман ҳам ӯро тарсонидам, ки ба падараш, яъне тағоям мегӯям. Ӯ тарсида дигар аз ман дур шуд.
Ман хеле азоб мекашидам ва ба касе чизе гуфта наметавонистам. Солҳоро бо азобҳои зиёд гузаронидам. Вақте калон шуда, фаҳмидам, ки ин кор ба духтариам зарар доштааст, шабу рӯз фикр мекардам, аммо ба касе гуфта натавонистам.
Ҳамин тавр, маро дар 18-солагиам ба шавҳар доданд. Нодухтар баромадам. Шавҳарам гуфт, ки кӣ кардагиро гӯям, мебахшад ва бо ҳам зиндагӣ мекунем. Ман зор-зор гириста, ҳамаашро нақл кардам. Ӯ овозамро сабт карда, ба ҳама нишон дод ва худаш ба Русия рафт. Дар он ҷо зан доштааст, назди занаш рафт.
Баъд аз ҷудоӣ сахт касал шудам. Ҳеҷ кас бовар намекард, ки ин гапҳои ман рост бошанд ва худи маро гунаҳкор ҳисоб мекарданд. Шарм медоштам, ки ба рӯйи падарам нигоҳ кунам.
Бачаи тағоям чанд сол боз дар Русия буд. Модарам зорӣ мекард, ки ин гапҳоро ба касе нагӯяму ӯро аз додараш ҷудо накунам. Бисёр азобҳо кашидам. Мехостам, ки дар ягон ҷойи дур бошаму касеро нашиносам ва набинам.
Аз як ҷойи дур ба хостгориам омаданд. Розӣ шудам, чунки мехостам аз ҳама дур бошам. Вақте маро никоҳ карда оварданд, маълум шуд, ки ӯ се фарзанд доштаасту ба мо нагуфтааст. Хушдоманам тарафдори зани аввалаш буд ва маро бисёр азоб медод.
Ман бо ин шавҳарам як сол ҳам зиндагӣ накардаам. Боз бо бахти ноком дубора баргаштам ба хонаи модар. Нав 20-сола, аммо аз ду шавҳар чудо шуда будам.
Ба руҳафтодагӣ гирифтор шудам, аммо баъди чанде рақами ношиносе тасодуфан занг заду баъди тамосҳои пайдарпайаш шинос шудем. Мо ба якдигар одат кардем. Ин ҷавон Юсуф ном дошт. Ӯ аз занаш ҷудо шуда, як фарзанд дошт. Вақте бо Юсуф оиладор шудам, 22-сола будам.
Солҳо гузаштанду фарзанддор нашудем. Барои бефарзандиам зиқ мешудам. Ман ба буду набуд шукр мекардам ва баъд аз се сол Худованд бароям духтарчаи дӯстрӯякеро ато кард, ки ҳоло яксола нашудааст. Ҳозир бисёр хушбахтам.
Вақте ки дар ҳаёт ҳар сахтие мекашам, писари тағоямро дуои бад мекунам, ки рӯзи аз ман бадтарро бинад. Аммо боз мегӯям, шояд сарнавиштам чунин будаасту Худованд дар тақдирам ҳаминро навишта бошад.
Ман дар ҳаёт аз як чиз пушаймонам. Ҳамон вақте ки ин корро карда буд, бояд ба модарам ё ягон кас мегуфтаму корро дар ҷояш ҳал мекардам, аммо ман нодонӣ карда, аз тарс ба ягон кас нагуфтам ва хатои калони ман дар ҳаёт ҳамин буд.
С., аз як ноҳияи дурдаст