sebiston july new
«Бачаи оча» диламро хун кард Қисми 2
1638

                     «Бачаи оча»

Аз рӯзҳои аввали зиндагиямон Навид ҳамеша маро мегуфт, ки қадри модарамро дон, ҳеҷ гоҳ хафааш накун, агар модарамро ранҷонӣ, як рӯз ҳам дар ин хона намеистӣ! Ростӣ, ман хушдоманамро дӯст медоштам, эҳтиромашро ба ҷо меовардам, ӯ дар як мансаби баланди давлатӣ кор мекарду то омадани ман ҷиянҳояш кору бори хонаашро мекарданд. Ман келин шудаму аз оби ин хонаи сермеҳмон даромада, аз оташаш мебаромадам. Муносибатҳои Навид ба ман хеле ошиқона буданд ва медидам, ки ин ҳама ба хушдоманам намеофорад. Ростӣ, хушдоманам мансабдор бошад ҳам, танҳо ҳангоми меҳмон омадан меваву гӯшту ҳар гуна чизҳои лазиз мехарид. Тағоҳоям ҳар гоҳе хабаргириям биёянд, бароям аз тамоми маҳсулоти хӯрокворӣ меоварданд, аз чизе танқисӣ надоштам, вале…

Дар қадам кӯдак заду дилам гелос кашид, дар боғи мо гелос набуд ва шавҳарам аз бозор бароям як кило гелос овард, хушдоманам инро дида чунон ғавғо бардошт, ки ҳайрон шудам. Ӯ шавҳарамро ҷанг кард, ки нопурсида аз ӯ бо фармони занаш, гелос харидасту халтаи селофании гелос доштаро гирифта, ба рӯйи ҳавлӣ ҳаво дод. Навид “очаҷон, ором шавед, очаҷон бахшиш, ин охирин бор, дигар бе иҷозати шумо ягон чиз намехарам” гӯён, ӯро ором мекард. Ҳамин шуду ман дигар дар ҳузури хушдоманам, ҳато бо шавҳарам аз гапи оддӣ задан метарсидам. Соҳиби ду писару ду духтар шудем, онҳо қад кашида, ба воя расиданд. Хушдоманам имрӯз кампир шудаасту аммо аз фармонфармоияш намондааст. Шавҳарам соҳиби келину домод аст, аммо гапи модараш барояш қонун аст.

                  Зиндагӣ аз рӯйи барнома

Хонандагони азиз, ман ҳаргиз зидди он нестам, ки ҳамсарам бо гапи модараш накунад. Аммо то ин дараҷа ҳам набудагист…

Писари калониям мехост ба донишгоҳ дар риштаи иқтисод дохил шавад, вале хушдоманам фармони бемӯҳру имзо баровард, ки не, милиса мешавӣ ва ӯ ғайри хоҳишаш ба академияи милиса дохил шуд, вале аз рӯйи ихтисосаш кор намекунад. Имрӯз донишҷӯйи бахши ғоибонаи донишгоҳ аст, зеро мехоҳад орзуяшро амалӣ кунад. Шавҳараму хушдоманам ӯро маҷбур карда натавонистанд, духтарам мехост духтур шавад, аммо боз хушдоманам қонунҳои худро ҷорӣ карданӣ шуд.

-Ҳафт сол туро кӣ мехононад, ба шуъбаи ғоибони Донишгоҳи омӯзгорӣ дохил шав!- Духтаракам мегирист, ки “бибиҷон, ман бо дониши худам дохил мешавам шумо маро нахононед”, аммо шавҳарам “модари ман чизе гӯяд, ҳамон мешавад!” гуфт. Духтарам ҳам ба касби дилнохоҳаш рафт, писарамро хонадор карданӣ шудем, зоту авлоди дӯстдоштаи ӯро паст унвон карда, духтари хоҳари худашро келин кард. Шукри Худо келинам духтараки хубест, аммо мебинам, ки писарам ба вай чандон меҳр надорад ва оқибати ин издивоҷ ба хайр шавад. Ба ҳама хостгорони духтарам ҳам ҷавоби рад медиҳад, зеро кайҳо домодро ҳам таги чашм кардааст ин генералкампир! Бисту панҷ сол боз аз рӯйи қонунҳои нонавиштаи хушдоман зиндагӣ карда, боре сарамро боло карда, ба рӯяш нигоҳ накардам, аммо ба тақдири фарзандонам бетараф буда наметавонам. Вале чӣ бояд кард, намедонам! Намехоҳам дар сари пириҳояш хушдоманамро хафа кунам, ҳарчанд ӯ маро дӯст намедорад ва медонам, ки мо меҳри як мардро байни ҳам қисм карда натавонистем. Шояд шумо бароям маслиҳате медиҳед?

Ёдгора

Таснифи Рухсора Саид

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД