Салом ба аҳли қалам ва ҳамаи ҳаводорони ҳафтавори «Оила».
Ростӣ ман аз касе шикоят карданӣ ҳам нестаму касеро мазаммат кардан ҳам намехоҳам, аммо дар зиндагӣ мушкиле дорам, ки бисту панҷ сол боз азобам медиҳад, фақат мехоҳам диламро назди шумо холӣ кунам. Шояд нафаре ба вазъияти ман гирифтор асту маслиҳатам медиҳад…
Эркадухтари бибӣ
Падарам аз саратони ҷигар хеле ҷавон фавтидааст, ман ӯро ёд надорам. Модарам мегӯяд, ки бибиву бобои падариям медонистаанд, ки писарашон бемор аст ва умраш кӯтоҳ, аз ин рӯ, ӯро хеле барвақт оиладор кардаанд то аз вай нишонае дар рӯйи дунё бимонад. Чун падарам аз олам мегузарад, бибию бобоям дар ғами фарзанди ҷавонмаргашон пасопеш ин даҳри дударро тарк мекунанд ва мани ятимак бо модарам ба хонаи бобову бибии модариям бармегардем. Модарам хеле ҷавон будаасту шавҳар карда, аз нав хонаи бахташро бино мекунад, аммо бибии модариям маро ба ӯ намедиҳад. Намехоҳад, ки набераи нахустинаш пеш-пеши пойи падарандар шавад.
Аслан падарандарам он қадар одами бад набуд, аз зани аввалаш, ки рус будааст, фарзанд надошт ва ҷудо шуда, ба модари ман хонадор мешавад. Модарам барои ӯ ду писар, додаркони нозанинам Шаҳболу Шаҳбозро ҳадя карда буд. Падарам марди доро ва мансабдор буд ва маро тиллодухтар меномид. Дӯстам медошт, ман ба хонаи онҳо мерафтаму муддатҳо бо додараконам мемондам, аммо бибиву тағоҳоям маро рафта меоварданд. Модарам духтари ягона буду панҷ тағоям ӯро хеле зиёд дӯст медоштанд, маро ҳам эркаву болонишин мекарданд. Беҳтарин либосҳоро мепӯшидаму тамоми фармонҳоямро иҷро мекарданд. Тағоҳоямро зан додему аввалин насиҳати модаркалонам ба онҳо ҳамин буд, ки агар хоҳед, ман аз шумо хафа набошам, қадри духтарамро донед. Зиндагиям дар зери боли пурмеҳру муҳаббати пайвандонам идома дошту оҳиста-оҳиста ба воя расидам.
Домоди худӣ
Тағоҳоям ба хондани духтар зид буданду ман донишу саводи хуб дошта бошам ҳам, баъди хатми мактаб майли хондан накардам, пеши зани тағои калонам шогирд нишаста, дӯзандагӣ омӯхтам. Як додари бибиямро дар ҷанги шаҳрвандӣ кушта буданду ҳамсарашон як писар дошта бошанд ҳам, дигар шавҳар накарданд. Ана ҳамин хешамон барои писари яккаву ягонаашон ба ман хостгор шуданд, чун ҳурмату эҳтироми янгааш дар назди бибиям бузург буд, ӯ бо ҷону дил маро ба писари додари ҷавонмаргаш дод. Ҳамсарам Навид ҷавонмарди таҳсилдида, боодоб, соҳиби ҷойи кори хуб буд ва мо зиндагиро хеле ширин оғоз намудем. Ёд дорам, вақти хостгорӣ омадани модари Навид тағои хурдиям норозигӣ карда гуфтанд:
-Оча, янгаатон одами хуб, вале Навид «бачаи оча» аст, мудом ҳамроҳи модараш, аз вай маслиҳат мепурсад, мустақил нест. Ҳамин бечора Ёдгораи мо на аз падар осудаасту на аз модар, боз ба азоб гирифтор нашавад?! Бобоям нав аз дунё гузашта буду бибиям хеле асабӣ буд, ӯ ашк рехту тағоямро носазо гуфт ва дигар касе дахолат накард. Ман баъдтар ба суханҳои тағои хурдиям сарфаҳм рафтам, вале аллакай дер шуда буд.
Давом дорад