Асосан мӯй ва кокули дарозу зеборо духтарону бонувон доранд, вале дар китоби рекордҳои Гиннес наврасе ба қайд гирифта шудааст, ки бо вуҷуди писар буданаш хеле мӯйҳои фахаку дароз дорад.
Амир Менендес ҳамагӣ 14 сол дошта, мӯйи сарашро бо усули “афро” ороиш додааст, ки то ҳанӯз ягон мард чунин мӯйи дароз надошт. Баландии мӯйи Амир 19,67 см, паҳмияш 24,83 см ва гардиши он 226 сантиметрро дар бар мегирад.
Бояд қайд намуд, ки ороиши мӯй бо усули “афро” бо истифодаи малҳам, гел ва дигар маҳлулҳои махсуси мӯйро дар қолаб нигоҳдоранда анҷом дода мешавад.