arzon replenishment
Бачаи эрка зан гирифту модарро фаромӯш кард
16.12.2021
ОИЛА
2565

Холаи Моҳсафар 9 фарзанд ба дунё овард, вале ҳафт фарзандаш дар кӯдакӣ бемор шуда, вафот карданд. Як писар ва як духтарашро чун гавҳараки чашм эҳтиёт карда, ба воя расонид. Азбаски доғи фарзандро на як бору ду бор чашида буд, сахт метарсид, ки ба ҷигарбандонаш ҳодисае рух надиҳад ва зуд-зуд онҳоро ба беморхона бурда, аз ташхис мегузаронид. Шавҳараш хеле барвақт дунёро тарк намуда, бори вазнини зиндагӣ бар дӯши Моҳсафар монда буд. Бо вуҷуди ин, сарашро ба санг мезад, ки фарзандонаш бе падар буданашонро ҳис накунанд. Ҳарчанд дар ду ҷой кор мекард, боз барои фарзандонаш вақт ёфта, аз онҳо дур буда наметавонист. Вақте ки духтарашро ба шавҳар дод, барояш чунон ҷиҳоз ва ашёҳои рӯзгор харид, ки хешу ақрабо ангушти ҳайрат газиданд. Навбати хонадор кардани писараш фаро расиду бо ҳазор орзуву ният дар ҷустуҷӯи келин шуд. Боз ёфту тофташро ҷамъ карда, барои писараш арӯс овард, вале писараш баъди хонадор шудан рафтору гуфторашро дигар намуд. Ӯ дигар модарро фаромӯш карда, ба гапи ҳамсараш кор мекунад. Писару келин холаи Моҳсафарро ғуломи худ кардаанд. Ӯ аз Худованд илтиҷо мекунад, ки муҳтоҷи писар ва келин нашавад. Метарсад, ки агар аз дасту пои худ монад, писараш ӯро аз хона пеш мекунад. Имрӯз холаи Моҳсафар аз он пушаймон аст, ки писарашро эрка ба воя расонду дар дами пирӣ барои ҷигарбанди худ нодаркор гаштааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД