Айзек Ҷонсони 16-сола аз иёлати Миннесота тавонист даҳони худро то 10,175 сантиметр кушояд ва ба ҳамин хотир ба Китоби рекордҳои Гиннес дохил шуд.
Дар изҳороти ташкилот гуфта мешавад, ки ин аввалин дастоварди ӯ нест, чанд сол пеш низ Айзек бо ҳамин қобилият рекорд гузошта буд. Он замон вай натиҷаи рекорддори олмонӣ Берндт Шмидтро, ки даҳони худро ба андозаи 8,8 см кушода буд, паси сар кард. Аммо баъд аз чанде як амрикоии дигар рекорди ӯро бекор намуд. Айзек аз ин нороҳат шуда, ба машқҳои ҷиддӣ оғоз кард ва баъди якуним сол тавонист боз ба мусобиқа баргардад.
Пас аз санҷишҳои зарурӣ мутахассисони китоби Гиннес эътироф карданд, ки ҳоло даҳони ӯ калонтарин аст. Ҷавон мегӯяд, ки бе мушкил дар даҳонаш тӯби бейсбол, себ ё ҳатто банкаи лимонад ҷой мешавад.