sebiston july new
Ба зану фарзандонам зор шудам
28.08.2024
ОИЛА.ТҶ
2595

Ассалому алейкум! Ман як марди дар зиндагӣ ба хатоӣ роҳдода, мехоҳам сарнавиштамро нақл кунам, то ба дигарон дарси ибрат гардад.

Аз рӯйи ғурур ва беандешагӣ занамро бо 4 кӯдаки хурдсолакам партофта, зани дигар гирифтам, лекин аз занам ҷудо нашудам. Ошиқи шайдои духтарҳои зебо будам ва фикр мекардам, ки дар болои занам зан гирифта, худро дар байни ҷӯраҳоям марди мардон нишон медиҳам. Мехостам ҳама ба ман ҳасад баранд, вале ин тавр нашуд.

Аз пушти духтарбозӣ қарздор шудам ва овораи мулки мардум гаштам. Айни замон дар Русия дар муҳоҷирати меҳнатӣ ҳастам. Акнун ман яке аз пушаймонтарин мардони рӯйи олам ҳастам. Тайёрам, ки пойҳои фарзандонамро бӯса кунам. Шабҳо то саҳар намоз хонда, гиря мекунам ва даст ба дуо бардошта, ба даргоҳи Аллоҳ зориву тавалло мекунам, ки зану кӯдаконам маро бубахшанд, аммо занам сахт ранҷида, дилаш аз ман тамоман хунук шудааст.

Дар вақташ беандешагӣ карда, зану фарзандонамро партофтам ва имрӯз ҷазоямро дида истодаам. Соҳиби 3 духтарчаи дӯстрӯяк ва 1 писарчаи паҳлавон ҳастам, вале вақти ширинии кӯдаконамро надида истодаам. Пушаймонам, сад бор пуйшаймонам, аммо пушаймонӣ дигар суде надорад.

Ба мардони тоҷик гуфтаниям, ки ҳаргиз барои занҳои бегона шуда, дили зану фарзандони худро наранҷонед, вагарна ба нохуни пояшон зор мешавед!

Бо эҳтиром, О.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД