Салом “Оила”-и азиз!
Яккаписар ҳастам, аз ҳамин сабаб модарам ҷияни худам, ҷону ҷигарам гуфта, ду пояшро дар як мӯза андохтааст, ки духтари холаатро ба занӣ бигир.
Ҳайрон мондаам, ки чӣ кор кунам. Аввалан ман ба духтари холаамро то ин дам танҳо ҳамчун бародар ба хоҳар нигоҳ мекардам, баъдан метарсам, ки аз никоҳи мо фарзандони нослим ба данё омада, умре ба гирдоби ғамна афтем. Илтимос, дар бораи бемориҳое, ки аз никоҳи хешутаборӣ пайдо мешаванд, маълумот диҳед, бошад, ки баъди фаҳмидани хатари никоҳ бохешовандони наздик модарам аз фикраш гардад.
Самандар, аз ш. Бохтар.
Посух
Бародари азиз, Самандар! Барои ба саволи шумо ҷавоби дақиқ гирифтан мо ба Мунира Раҷабова, табиби ҳамрози занонаи Маркази Миллии солимии репродуктивӣ муроҷиат намудем ва инак, посухи ин табиби донишмандро манзуратон мегардонем.
-Вақте ки чашми кас ба тифли маъюб меафтад, дили шахс ба дард меояд. Мегуфтед, ки сабаби маъюб ва ё бо ягон нуқсон ба дунё омадани баъзе тифлакон дар чист?
-Дар маъюб ё бонуқсон ба дунё омадани кӯдак пеш аз ҳама генҳои бемор гунаҳ коранд. Одам қариб 3000 ген дорад ва тамоми генҳои одами зодҷуфт, яъне дутогӣ мешаванд, яке аз модар мегузарад, дигарӣ аз падар. Як ген бемор, яъне мутатсия шуда ва гени дигар солим бошад, хатари бемор ба дунё омадани тифл камтар аст, вале ҳарду ген мутатсия шуда бошанд, онгоҳ тифл бо бемории генетикӣ ба дунё меояд.
-Мегӯянд, ки сабаби асосии носолим ба дунё омадани тифлакон ин никоҳи хешутаборӣ аст. Шумо ҳамчун табиб ин андешаро чӣ гуна шарҳ медиҳед?
-Хеле кам мешавад, ки дар ду одами бегона ду гени якхелаи бемор вуҷуддошта бошад, вале дар хешовандони наздик, махсусан дар духтари холаю писари хола, духтари тағову писари тағова ба ҳамин монанд одамони наздик генҳои ҳамранги бемор зиёд вомехӯранд. Маҳз бо ҳамин сабаб тифлакони бемор, маъюб ва нуқсондор бештар аз никоҳи хешутаборӣ ба дунё меоянд. Дар никоҳи хешовандони наздик хатари ба дунё омадани кӯдакони бемор 25%-ро ташкил менамояд. Як мисол меорам, аз 4000 ҳазор бемороне, ки ба шуъбаи генетикаи институти илмӣ-тадқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перенатологии ҶТ муроҷиат намудаанд, дар 1000 нафарашон сабаби беморӣ никоҳи хешутаборӣ будааст. Ин ҳамту гапи хушкухолӣ не, далели аниқ, яъне натиҷаи тадқиқот аст.
-Дақиқан гуфта метавонед, ки маҳз кадом касалиҳо аз никоҳи хешутаборӣ пайдо мешаванд?
-Ҷавононе, ки бо хешу табори наздикашон издивоҷ менамоянд, бештар бо мушкилоти безурриётӣ, исқотиҳамл, ба дунё омадани тифли мурда ва фенилкетонурия-боздошти инкишофи ҷисмонӣ ва ақлии кӯдак рӯ ба рӯ мегарданд. Бемориҳои албинизм-пӯсти беранг, синдроми Секкелия-кӯдаки қадпасти ба парандамонанд, ки ақл надорад, синдроми Меккелия-инкишофнаёфтани қариб ҳама узвҳои бадан, гипертензияи дохили майнаи сар бо синдроми гидросефалия низ аз гени бемор бо сабаби никоҳи хешутаборӣ пайдо мешаванд.
-Маслиҳати шумо ҳамчун табиб ба падару модарон ва ҷавононе, ки хонадор шуданиянд?
-Падару модаронро зарур аст, ки ояндаи фарзандони худро андеша намуда, аз пайвастани тақдири ҷигарбандонашон бо хешу табори наздик худдорӣ намоянд. Барои пешгирӣ намудани бемориҳои генетикӣ ҳамчунин супурдани хун барои муайян кардани бемории ноаёни генҳо айни муддаост. Ба ҷавонон бошад, ман танҳо ҳаминро гуфтаниям, ки ба хотири канда нашудани риштаи хешутаборӣ ояндаи худро дар хатар нагузоранд. Беҳтараш арӯсу домодро аз бегонагон интихоб намоед, то фарзандони солим ва зебою бенуқсон ба дунё оварда, аз шириниҳои зиндагӣ лаззат баред. Боқӣ ба ҳама хона ободӣ мехоҳам.