Салом! Мардон ҳеҷ гоҳ ба касе дарди дил намекунанд, вале ман мехоҳам қиссаи зиндагиамро нақл кунам, то ки ба дигар ҷавонони тоҷик дарси ибрат гардад.
Дар оила писари ягона ҳастам. Падару модарам баъди 5 духтар писардор шуда, маро бениҳоят эрка мекарданд ва гули чизро хӯронда, гули чизро мепӯшонданд. Касе ҳақ надошт, ки пишакамро пишт гӯяд. Волидонам пули бисёре сарф карда, маро дар мактабҳои беҳтарин хононданд, бо умеде, ки дар пирӣ асои дасташон мегардам, вале...
Дар ҷавоби ин қадар некиҳояшон мани беандешаву носипос ба кибру ғурур дода шуда, оҳиста-оҳиста аз кӯчаи одамгарӣ баромадам. Пулу моли зиёдро дида, чунон аз худ рафтам, ки дигар заминро дар зери поям намедидам. Дил ба нашъаву шароб ва духтарбозӣ баста, ба роҳи бад рафтам. Устодонам дар донишгоҳ маро падарвор насиҳат карда мегуфтанд, ки майзадагӣ ба касе обрӯ наовардааст, беҳтараш сари вақт аз шаробхорию духтарбозӣ даст кашам, вале мани бангӣ гӯши пандшунав надоштам.
Хулоса, қилиқҳои бадам оқибат маро шармандаю расвои олам кард. Аз донишгоҳ хориҷ шудам, дар як идораи бонуфуз кор мекардам, вале аз он ҷо низ ихроҷам намуданд. Ҷӯраҳоям, ки замони пулдориам дар атрофам парвона буданд, муносибаташонро аз ман оҳиста-оҳиста канданд. Падару модарам сахт ранҷида, бо ман қаҳрӣ шуданд. Ҳамин тавр танҳои танҳо мондам.
Ба ҷавонон гуфтаниям, ки ҳаргиз ба шароб дил набандед, зеро майзадагию духтарбозӣ ба ҷуз бадномию нокомию шармандагӣ дигар чизе намедиҳад. Ҳаётатонро бо дасти худ насӯзед!
С. Д. аз ш. Кӯлоб