arzon replenishment
Ба мӯйсафед некӣ карда, бадном шудам
4410

Дар деҳаи мо мӯйсафеди бекасу танҳое ҳаст. Фарзанд надорад, занаш 20-сол пеш аз дунё гузашта буд.

Модарам барои савоб маро ба хонаи он мӯйсафеди танҳо мефиристод, то барояш хӯрок бурда, хонаву дарашро рӯбучин кунам. «Духтарам, илоҳо бабахт шавӣ, соҳиби хонаву дари обод гардӣ» гӯён, мӯйсафед мудом дар ҳаққам дуои нек мекард, аммо...
Ҳамсинфонам ҳамеша ба хонаи ин пирамард даро-баро карданамро дида, масхаракунон ба ман лақаб монданд: «Арӯси мӯйсафед». Ҳамин ки аз дари мактаб медаромадам, ҳама бачаҳо «ана, зани кенҷагии дед омад» гӯён механдиданд. Аламам меомад, вале саг меҷакаду корвон мегузарад гуфта ба гапҳояшон аҳмият намедодам.
Вақте мактабро тамом кардам, гирди номам дар деҳа овозаҳои бисёре пайдо шуданд, ки гӯё маро мӯйсафед қапида, кайҳо корамро карда бошад. Ин туҳматҳоро шунида, хостгорон аз пушти дарамон гашта мерафтанд.
Ҷонам аз ин ҳама дурӯғу буҳтон ба лабам расиду рӯзе гирён ба хонаи пирамард рафта, гапу калочаи мардумро ба ӯ расондам. Мӯйсафед заррае шарм надошта гуфт: «Парвин, ман туро дӯст медорам ва инро аз касе пинҳон карданӣ нестам. Ту дар хонаи ман нақши раҳматии занамро бозида, ишқро дубора дар дилам зинда кардӣ. Парвинаҷон, агар арӯси ман шавӣ, хонаву дарам, ҳавливу боғу роғам, гову гӯсфанд, хулоса тамоми дороиямро ба ту мерос мегузорам...”

Рухсораи зебою нурониат садбарги сафедро мемонад. Вақте аз чизе шарм медорӣ, ҳамшабеҳ ба садбарги сурх мешавӣ. Ҳангоме рухсораҳои худро бо ранги сурхча оро медиҳӣ, дар назарам баргҳои садбарги нилобӣ ҷилва мекунанд. 

 


8Zb3aSMVJzEdlpGOedrpaF1PkeQFDgRkTuFwnfNq

 

Бо шунидании ин гап даҳонам воз монд. Пирамарди касофат мехост ба ман даст дароз нкунад. Бо тамоми қувват ӯро тела зада аз худ дур кардам ва бо нафрат ба рӯяш туф карда гуфтам: «Шайтони беимон, садқаи одамгарӣ шавӣ! Медонистам, ки ту ин қадар одами ифлос ҳастӣ, ҳаргиз поямро ба остонаи дарат намегузоштам. Худо ҷазоятро диҳад, мӯйсафеди ҳаромхиштак…»

Хулоса, гирён ба хона омада, модарамро маломат намудам, ки бо гуноҳи шумо номи ман бад шуд. Падару модарам ба сари мӯйсафед рафта, он шайтони пирро хуб дашном доданд.

Ин ҳодисаро ба он хотир нақл кардам, ки ба духтарҳо дарси ибрат гардад ва пеш аз оне, ки кореро мекунанд, оқибаташро фикр кунанд....
Муҳаррама, аз н. Спитамен

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД