Formula novemver 2024
Ба мурда ба шавҳар баромадан дар хоб чӣ таъбир дорад?
1811

Дишаб хоби даҳшатноке дидам. Дар хобам маро бо марде, ки чанд сол пеш аз олам гузашта буд, никоҳ мекарданд. Ҳарчанд зор-зор гиря карда мегуфтам, ки ман ба ин мард ба шавҳар намебароям, касе ба гапам гӯш намекард. Сахт метарсам, ки ба сарам ягон балои азим набиёяд. Илтимос, таъбири хоби маро гӯед.

Сабоҳат, сокини ш. Душанбе

Бо шахси кайҳо аз дунё гузашта никоҳ кардан ё издивоҷ намудан дар хоб як навъ огоҳӣ аст. Касе, ки чунин хоб мебинад, бояд эҳтиёткор бошад, зеро хатари ба ягон фалокат дучор гашта, ҷароҳати вазнин бардоштан ё сахт бемор шуданаш вуҷуд дорад, вале хоб аз хоб фарқ дорад.

Хоб бинед, ки бо ягон одами наздикатон никоҳ ва издивоҷ кардаед, дар ҳаётатон шахсе пайдо мешавад, ки дар ҳалли мушкилоти зиндагӣ ба шумо беғаразона ёрӣ мерасонад ё бо кӯмаки он шахс аз ягон ҳолати душвор бо сари баланд мебароед.

Духтари ҷавон хоб бинад, ки бо марди кайҳо аз олам гузашта никоҳ карда истодааст, агар бо касе дар фотиҳа бошад, бояд хислату хӯйи домодшавандаро нағзакак омӯзад, зеро чунин хоб нишонаи он аст, ки марди дар паҳлӯяш буда, лоиқи боварӣ ва эътимод нест ва бо чунин инсон риштаи тақдири худро пайвастан ба он мемонад, ки кас дидаю дониста, худашро бо дастони худ зинда ба зинда гӯр мекунад. Аммо ба оғӯш гирифтани шахси мурда дар хоб фоли нек буда, ба даромади калони пулӣ ва зиёд шудани давлату сарвати шахси хобдида ишорат менамояд.

Дар баъзе хобномаҳо омадааст, ки кас дар хобаш одами мурдаро бӯса кунад, аз сарчашмае, ки интизораш нест, даромад ба даст меорад, яъне касе хона, мошин ё зару зевари зиёдеро ба ӯ мерос мегузорад.

Зани шавҳардор хоб бинад, ки бо мурда издивоҷ намудааст, дар ҳаёташ мушкилиҳо ба вуҷуд меоянд. Зане, ки чунин хоб мебинад, бояд эҳтиёткор бошад ва ҳар як қадамашро донистаю санҷида гузорад, то ягон амалу рафтори бе андеша содир кардааш боиси овозаю ҳангома ва бадномӣ нашавад.

Бевазан хоб бинад, ки шавҳари кайҳо аз олам гузаштааш дубора зинда шудааст ва онҳо боз бо ҳам тӯй карда, домоду арӯс шудаанд, орзуи бузургтаринаш ҷомаи амал пӯшида, хурсанд мешавад.

Духтари ҷавон дар хобаш бо марде, ки ба наздикӣ аз олам гузаштааст, никоҳ кунад, танҳо мемонад, вале хоб бинад, ки бо ҷавони зебое, ки чанд сол пеш вафот карда буд, издивоҷ менамояд, бо касе сахт ҷангу ҷанҷол карда, асабонӣ ва рӯҳафтода мешавад. Никоҳ кардан бо мурда дар хоб метавонад ба мушкили фарзанддор шудан низ алоқамандӣ дошта бошад.

Хоб бинед, ки бо марди камбағали аз олам гузаштагӣ никоҳ кардаед, ба гирдоби мушкилоти молиявӣ гирифтор хоҳед шуд. Домод бо либоси даридагӣ ё дарбеҳшуда бошад, эҳтимоли аз даст додани боигарӣ ва пули калон вуҷуд дорад.

Хоб бинед, ки ба мурда ба шавҳар баромадед ва домод зару зевари шуморо аз дасту гарданатон гирифта истодааст, ба қарз ғӯтида, муддати тӯлонӣ аз мушкилоти молиявӣ раҳоӣ ёфта наметавонед.

Аз ҳамин хотир ба шахсоне, ки чунин хоб мебинанд, маслиҳат дода мешавад, ки аз гирифтани қарз ва машғул шудан бо бозиҳои гуногуни ба қимор монанд худдорӣ намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД