Хадамоти муҳоҷират бо “ТС Сервис”-и шаҳри Ижевски Россия барои интиқоли қувваи корӣ ба ин ширкат қарордод бастааст. Дар ин бора Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ дар телеграм хабар додааст.
Созишномаи ҳамкориро сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо ва директори генералии ширкати ООО “ТС Сервис”-и шаҳри Ижевск Новокрещенов С. В. ба имзо расонидаанд. Ширкати мазкур ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои холии кориро аз қабили ронандаи автобус, троллейбус, трамвай, кондуктор, автослесар, слесар-электрик, упаковщик, разнарабочий, кормандони роҳ, оператор ЧПУ, токар, фрезеровщик, сварщик, корҳои мавсимӣ ва сохтмониро пешниҳод менамояд.
Музди меҳнат вобаста ба тахассус аз 50 то 150 ҳазор рубли русиро ташкил медиҳад. Чиптаи рафту омад, ҷойи истиқомат, бақайдгирӣ, патент, пардохти моҳона, либоси махсус, рафтан ба ҷойи кор ва бозгашт бо нақлиёти ширкат. Муҳоҷирони меҳнатӣ се вақт бо хӯроки гарм аз ҳисоби ширкат пурра таъмин карда мешаванд.