Arzon march 2024
Ба муҳоҷирон дар Воронеж танҳо боркашонӣ, фаррошӣ ва кӯчарӯбӣ мемонад
635

Русия имкониятҳои муҳоҷирони меҳнатиро торафт маҳдудтар карда истодааст. Аз ҷумла, дар вилояти Воронеж дар соли 2025 дар чандин соҳаҳои муҳим, ки даромади нисбатан хубтар доштанд, кор кардани муҳоҷирони меҳнатиро манъ намуданд.

Александр Гусев, раиси вилояти Воронежи Русия қарореро имзо кардааст, ки дар соли 2025 ба сифати расонандаи бору маҳсулот - курер кор кардан ва дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва тиҷорат бо фаъолияти меҳнатӣ машғул шудани муҳоҷиронро манъ мекунад. Дар ин вилоят муҳоҷирони меҳнатӣ ҳатто ҳуқуқи нигоҳубин кардани беморонро надоранд. Муҳоҷирони меҳнатие, ки то ин вақт дар соҳаҳои номбаршуда кор мекарданд, аз вазифа озод карда мешаванд.

Тавре расонаҳои русӣ навиштаанд, дар соли 2025 муҳоҷирон дар Воронеж метавонанд танҳо боркашонӣ, кӯчарӯбӣ ва фаррошӣ кунанд.

Дар Воронеж дар соҳаи нақлиёт ва савдои чакана низ кор кардани муҳоҷирони меҳнатӣ манъ карда шудааст. Дар вилоятҳои дигари Русия, аз ҷумла дар Новосибирск, Самара, Челябинск, Тула ва Магадан низ дар бисёр соҳаҳо кор кардани муҳоҷирони меҳнатӣ манъ аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД