Ба муҳоҷирон дар Русия хона харидан, зангирӣ ва мошинрониро манъ мекунанд
Фарзандони муҳоҷиронро ба мактаб ва боғчаҳои Россия қабул намекунанд, агар...
Ҳукумати Россия тасмим гирифтааст реестри шаҳрвандони хориҷиеро, ки ба таври ғайриқонунӣ дар қаламрави Русия кору зиндагӣ мекунанд, тартиб диҳад. Муҳоҷирони меҳнатие, ки ягон қонуншиканӣ кардаанд ё мӯҳлати ҳуҷҷатҳояшон ба охир расида, номашон ба ин реестр меафтад, ба рӯйхати сиёҳ дохил карда шуда, ҳуқуқи харидану ҳуҷҷатгузорӣ намудани амвол, рондани мошин, кушодани суратҳисоб дар бонкҳо ва бастани ақди никоҳро аз даст медиҳанд. Дар ин бора муовини аввали вазири корҳои дохилии Россия Александр Горовой хабар додааст.
Ба гуфти ин мақомдори умури дохилии Россия муҳоҷироне, ки номашон ба ин реестр меафад, наметавонанд фарзандонашонро ба боғчаю мактабҳои Россия диҳанд.
Реести мазкур аз моҳи январи соли 2025 фаъол хоҳад гашт. Ҳукуматдорони Россия мехоҳанд бо ҳамин роҳ муҳоҷиронеро, ки ба таври ғайриқонунӣ дар кишварашон кору зиндагӣ мекунанд, ба тарк намудани Россия водор намоянд.