Arzon march 2024
БА МЕҲРИ ПАДАР НИЁЗ ДОРАМ(ҚИСМИ 2)
2288

ИДОМААШ...

Сипас, Фирӯза сарашро хам гирифта ба пеши пояш нигарист. Каме дар андеша шуд. Вай давраҳои нисбатан ҷавон будани модарашро ба ёд овард. Зиндагии якҷояашонро бо падараш низ.

Дар он солҳо модараш ин қадар лоғар набуд. Дар чеҳрааш ҳам ожангҳо набуданд. Модар ҳеҷ гоҳ қошу қавоқашро намеандохт. Доим дар лабонаш табассум ҳувайдо буд. Ҳозир бошад чӣ? Баръакс шудааст. Боре Фирӯза модарашро хурсанд намебинад. Модараш рӯз ба рӯз харобу хазон шуда рафта истодааст, маъюс аст, хурсанд нест, аммо дар назди ӯ аз дарду алам ё аз сахтиҳо шикоят намекунад ва ҳатто «уф» ҳам намегӯяд. Вале «ранг бину ҳол пурс»- гуфтаанд… Ба болои ҳамаи ин, ана ҳамин куртаи сиёҳи рангпаридае, ки дар тани модар аст, аз рӯзгору зиндагии ӯ дарак медиҳад. Фирӯза медонад, ки ин курта аз кадом давра боқӣ мондааст. Модараш ҳангоми ин матоъро аз дасти падараш гирифтан чӣ тавр механдид. Он рӯз модар чӣ қадар хушҳол менамуд. Ин 12 сол пеш буд. Лекин ҳоло бошад, модар ин матоъро бо дарду алам мепӯшад, боз модари бечора онро хеле эҳтиёт мекунад. Бисёр эҳтиёт мекунад, ки ҷое бархӯрда надарад. Охир, ӯ барои ба кӯча баромадан ҳамагӣ ду курта дорад. Яке ин куртаи сиёҳ, ки ҳоло дар тан дорад ва дигаре куртаи сурхранги гулҳои кабуддошта, ки ҳангоми чиркин шудани яке дигарашро ба бар менамояд.

Дар чашмони Фирӯза ашк ҳалқа зад. Дилаш ба ҳоли модараш сахт сӯхт. Модари бечора ва бекасу кӯяшро намедонист, ки чӣ гуна дилбардорӣ кунаду аз ин рӯзгори сангин раҳонад.

ӯ боз дигарбора ба модар нигоҳ карду бо овози борикаш гуфт:

-Очаҷон, ман бо шумо истодан мехоҳам. Шуморо танҳо намегузорам. Аз пешатон дур равам ҳам, аз пеши чашмам дур намешавед. Монед, ман бо шумо истам.

Сайёра даст бар байни шонаҳои Фирӯза бурда, ба чашмони луқи оби вай чашм дӯхт ва ҷавоб дод:

-Фирӯзаҷон, духтарам! Худат дида истодаӣ, ки боду ҳаво чӣ қадар гарм шуд. Харидоре дар бозор тоб намехӯрад. Касе чизе, ки хариданӣ шавад, бегоҳирӯзӣ –дар салқинӣ меояд. Акнун истодани ту дар ин ҷо чӣ маъно дорад? Рав, духтарам, дар ин гармӣ азоб мекашӣ. Офтобро бин, тунукаҳоро тафсонда, гармияшро ба сару рӯйи мо мезанад. Рафта ба хоҳарат хӯрок бидеҳ. ӯро нағзтар нигоҳубин кун.

-Майлаш, очаҷон! Ман меравам, лекин шумо кай меоед?

-Ман ҳоло ҳамин ҷо меистам. Якбора баъди шом бармегардам.

Фирӯза боз сар то пойи модарро аз назар гузаронду ба худ гуфт: «Ин модари бечораи ман чӣ рӯзҳои вазнинро аз сар нагузаронд. Ба хотири фарзандон ба обу оташ тоб овард. Касе пайдо нашуд, ки дар зиндагӣ ба вай кӯмак кунад. Акнун ман ҳам калон шудаму ба ӯ ёрӣ расонда наметавонам… Чӣ қадар тақдири шӯр доштааст. Чӣ қадар тақдири талх доштааст, ки касе мададгораш нашуд. Худованд ягона мададгор, пушту паноҳ, ғамхору ғамгусорашро аз ӯ гирифт. Агар падарам зинда мебуданд, ҳеҷ гоҳ модарам ин қадар азоб намекашиданд, хор намешуданд. Оҳ падар, агар зинда мебудиву ин ранҷу машаққати модарамро бо ду чашми сарат медидӣ, тоб наоварда, об шуда мерафтӣ».

Фирӯза вазнин-вазнин нафас гирифт. Оби чашмонашро бо кафи дасташ пок кард ва ба модараш гуфт:

-Модарҷон, илтимос, барвақттар ба хона баргардед, ман ба шумо кор дорам.

-Чӣ кор дорӣ, духтарам? Ҳамин ҷо гап зан.

-Фардо ман имтиҳон дорам. Бояд имтиҳонро супорида ба донишгоҳ дохил шавам. Аз ин сабаб хоҳиш мекунам, ки фардо ҳамроҳи ман бошед, бо ман ба донишгоҳ равед.

Сайёра сарашро каме хам гирифта дар андеша шуд. Сипас, ба рӯйи Фирӯза нигариста гуфт:

-Духтарам, гуфтам ку, ту худатро ин қадар беҳуда ғам надеҳ. Барои дар донишгоҳ дохил шудан пулу мол даркор. Мо ҳеҷ чиз надорем. Ҳатто шикамҳоямонро сер карда наметавонем. Дар донишгоҳ ягон «таға» ҳам надорӣ, ки ба ту кӯмак кунад. Ту чӣ хел ба донишгоҳ дохил мешавӣ-ҳа? Фарз кардем, ки ту дохил шудӣ, лекин чӣ гуна он ҷо мехонӣ. Барои хондан ҳам маблағ лозим.

-Очаҷон, ман бояд таҳсил кунам. Ба ҷойи ин қашшоқиву қамбағалиамон рӯзгори хуберо ба сар биёрам. Ин орзуро аз рӯзи марги падарам то имрӯз дар дил мепарварам. Агар дохил нашавам, ин қашшоқӣ, ин бозор, ин гуруснагиву ин ғаму андуҳ домани моро ҳеҷ гоҳ сар намедиҳад.

Модар дигар чизе нагуфт. Ба духтар баҳс карданро нахост. Бе ин ҳам ғиҷова роҳи гулӯяшро баста, ҳарфе аз даҳонаш набаромад. Ҳамин тавр, ӯ хомӯш монд ва аз дил гузаронд: «Духтарам, кош падарат мешуду ту ин суханҳоро бар ман неву ба ӯ мегуфтӣ. Вай марди ҳақиқӣ буд. Ин хоҳиши туро ҳеҷ гоҳ рад намекард. Акнун ман аз тангдастӣ маҷбурам ин посухро ба ту диҳам, лекин пеши роҳатро намегирам. Ҳар чи ки мехоҳӣ, бикун, духтарам!».

Сипас, модар дар роҳҳои пурпечу фарози ғаму андуҳи қабат-қабат хобидаи зери дил роҳгум зад. Вай меҳрубониҳо, ғамхориҳо, табассуми латифи шавҳараш Диловарро аз пеши чашмаш гузаронду ҳукакаш гирифт. ӯ ба худ савол медод, ки агар Диловар зинда мебуду ин мушкилот, ин ғаму дарди маро медид, худашро чӣ гуна тасаввур мекард? Албатта, Сайёра боварӣ дошт, ки агар дар ин лаҳзаҳои мушкили ҳаёт Диловар зинда шаваду вайро дар ин ҳол бинад, бо чашмони ашколуд ӯро оғӯш гирифта, аз ин бозор мебарорад, аз ҳамаи ин ғаму андӯҳ раҳояш мекунад, дар оғӯши баҳри хушҳоливу хурсандӣ ғарқаш менамояд.

Ин фикру хаёлҳои Сайёра барояш хеле аламовар буд. Охир, Диловар ягона соябони ӯ дар ин дунё маҳсуб меёфт. Ҳама дарди дилашро ба ӯ мегуфт. Боре аз забони Диловар калимаҳои дағал намешунид, балки меҳрубониҳои ӯ то ин дам дар қаъри дили Сайёра ҷой гирифтаву таркаш намекард. Дар назараш суханони ширини Диловар дам ба дам аз ғайб ба гӯшаш такроран садо медоданд.

Фирӯза қатраҳои ашкро дар рухсораҳои модар дида, дарҳол ӯро ба оғӯш гирифт ва хомӯшона гиря кард. Боз алами вайро ёди падар дучанд афзуд. Падаре, ки ҳама «нозу нуз»-и ӯ ва модарашро мебардошту доим ба сару тани онҳо борони меҳру муҳаббатро мерехт. «Кош падарам туро дар ин ҳолат ба оғӯш мегирифт»,- ба дили худ гуфт Фирӯза ва модарро раҳо кард.

Сайёра дигар нахост духтарашро ранҷонад ва ба ӯ рӯ оварда:

-Майлаш духтарам, шаб омада маслиҳат мекунем.

Фирӯза калла ҷумбонда изҳори розигӣ карду ба ҷониби хона қадам гузошт ва ба худ гуфт: «Ҳар вақте модарамро ба оғӯш гирам, бӯи падарамро эҳсос мекунам. Гӯё бӯи падарам бар тани модарам часпидаасту то ҳол аз тани вай дур нашудааст. Охир, шабҳо, ки падарамро оғӯш карда мехобидам, ҳамин гуна бӯйи хуш аз вуҷуди ӯ ба машомам мерасид. Лекин ин бӯйи падар аз тани модарам хиратар мебарояд»…

Модар аз қафои Фирӯза нигоҳ карду даҳонашро бо дасти лоғари рагҳояш намудор пӯшонд ва то нопадид шуданаш аз вай чашм наканда, ба худ гуфт: «Духтаракам рӯзи хушро надид. Хеҷ гоҳ ба ҳамсолонаш баробар шуда натавонист. Худованд ба ман даст надод, ки ақаллан сару либоси вайро баробари ҳамсинфонаш кунам. Бечора, ӯ шарту шароити дугонаҳояшро мебинаду бо худ муқоиса мекунад ва аз дилаш ким-чиҳо мегузаронад. Аз қамбағалӣ ба ҷон задааст, мехоҳад хонда донишманд шаваду зиндагиямонро беҳтар кунад; ба модар ёрӣ расонад, дасти модарро бигирад…».

Фирӯза ба хонаи иҷорагирифтаашон, ки дар қабати сеюми бинои панҷошёна ҷойгир буд ва ду ҳуҷраро ташкил медод, расид. Хоҳарашро дар лухтакбозӣ дарёфт. Вай хоҳари хурдсолашро дар оғӯш гирифта, бо лаҳни кӯдакона бо ӯ чанд ҳарф гуфт. Боз гурусна ва ё сер буданашро пурсид. Сипас, ӯ азми таомпазӣ кард. Ба ошхона рафт. Ба кофтукоб шурӯъ намуд. Аммо ба ҷуз се картошкаю ду пиёз дигар чизе наёфт. Ҳатто дар дастурхон нон ҳам набуд. Фирӯза зарфи равғанро аз назар гузаронд. Дар он қатрае аз равғанро надид. Баъдан сарпӯши дегчаро бардошт. Дар он каму беш равған дарёфт ва андешид: «Ин картошкаю пиёзҳоро дар равған бирён карда ба хоҳарам медиҳам…».

Фирӯза ба таом пухтан машғул шуд ва дар ҳамин ҳолат ба хоҳараш чашм дӯхт. Хоҳарашро дида, даврони кӯдакии хешро ба ёд овард. Вай дар синну соли хоҳараш будану чӣ тавр худро ба гардани падар овезон кардан, шабҳо дар оғӯши падар хобидан ва он шаби даҳшатовареро, ки ба қавле шаби марги падараш буд, аз пеши чашм гузаронд:

ДАВОМ ДОРАД...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД