Пагоҳ, 23-феврал барои тамоми мардон рӯзи беҳтарини сол ба шумор меравад, зеро онҳо ид доранд. Сарфи назар аз синну сол ва касбу корашон тамоми мардҳо мехоҳанд дар ин рӯз аз забони ҳамсар, духтар, зани дӯстдошт ва хонумҳои ҳамкорашон суханони хуб шунаванд ва албатта ягон тӯҳфаи хотирмон бигиранд.
Аммо тӯҳфаи ба табъу завқи мард мувофиқро интихоб кардан кори саҳлу осон нест. Ба хотири кӯмак ба бонувон имрӯз мо дар бораи туҳфаҳое маълумот медиҳем, ки ба ҳар як мард писанд меоянд.
Нозукиҳои интихоб ва тақдими тӯҳфа
Шумо метавонед тӯҳфаҳоро мувофиқи завқ ва имконияти иқтисодии худ интихоб кунед. Нархи тӯҳфа чандон аҳамият надорад, муҳим он атс, ки онро аз таҳти дил ҳадя намоед!
Дар баробари ин, боз як нозукии дигари интихоби тӯҳфаро низ набояд фаромӯш кард. Шахсе, ки тӯҳфа карданист, бояд табъу завқи туҳфагирандаро ба назар бигирад.
Ба падар чи тӯҳфа кардан мумкин аст?
Падаратонро дар 23-феврал бо тӯҳфа хурсанд кардан хоҳед, чизеро интихоб кунед, ки рамзи ғамхорӣ ва муҳаббати фарзандона бошад. Метавонед ба падар ҷойнамоз, либос, пойафзол, лавозимоти моҳигирӣ (агар ба моҳидорӣ шавқ дошта бошад) тӯҳфа кунед. Падаратон бемории фишори хун дошта бошад, барояш браслетеро харидорӣ намоед, ки фишорро мӯътадил нигоҳ медорад.
Имконияти иқтисодиатон хуб бошад, роҳхати сафар ба Ҳаҷро ба падаратон ҳадя намоед, сараш аз гирифтани чунин туҳфа ба осмон мерасад.
Тӯҳфаи беҳтарин ба шавҳар
Тӯҳфае, ки ба ҳамсаратон тақдим менамоед,бояд рамзи ишқу муҳаббати самимии шумо ба марди дӯстдошаатон бошад. Мардони муосир бештар ба техника ва технологияҳои навин шавқу рағбат доранд, агар имконияти иқтисодиатон хуб бошад, метавонед ба шавҳаратон телефон, ноутбук, мошин ё овезаи қиматбаҳо барои калиди мошин харед. Атри дӯстдоштаи мард, соат ва термо-кружка низ тӯҳфаи хуб аст. Марди шумо дӯстдори адабиёти бадеъӣ бошад, дар қатори тӯҳфаи асосӣ ягон китоби нависандаи дӯстдоштаашро ҳадя кунед, хурсанд мешавад. Хоҳед, ки тӯҳфаатон дар баробари хурсандӣ ато намудан, муфид ҳам бошад, либосеро ҳадя кунед, ки шавҳаратон кайҳо дар орзуи хариданаш буд.
Тӯҳфаҳо барои ҷавонмардони замонавӣ
Футболкаи баландсифат бо ранги дилкаш ба аксари ҷавонмардони то 40-солае, кимаъмулан бо сабки варзишӣ либос мепӯшанд, писанд меояд. Дар ҷевони мард футболкаҳо ҳарчанд зиёд бошанд ҳам, боз камӣ мекунад. Нарх ва брендаш аз буҷаи шумо вобастагӣ дорад, вале мардро бо чунин туҳфа шод кардан хоҳед, футболкаи босифатро интихоб намоед.
Саргузаштҳои виртуалӣ дар Play Station
Барои дӯстдорони бозиҳои видеоӣ, бозии нав дар Play Station тӯҳфаи олӣ хоҳад буд. Ин натанҳо як ашёи пурарзиш, инчунин имкони ба як маҳфили ҷолиб табдил додани вақти соҳибҷашн ба ҳисоб меравад.
Мотоцикл ба мард болу пар мебахшад
Марди дӯстдоштаи шумо ба суръат ва адреналин майл дошта бошад, мотоцикл барояш тӯҳфаи беҳтарин ва хотиравӣ хоҳад буд. Ин як имкони ба даст овардани эҳсосоти нав мебошад. Мотоцикл намудҳои гуногун дорад ва шумо метавонед мувофиқи имконияти иқтисодии худ якеро интихоб кунед. Ба марди арзандаатон бе ягон дудилагӣ онро ҳадя намоед, зеро дилхоҳ мард аз гирифтани чунин туҳфа болу пар мебарорад .
Истироҳат- беҳтарин ҳадя барои мард
Мардҳо як соли дароз кор карда, ба истироҳат сахт ниёзманданд. Хоҳед, ки мард аз тӯҳфаи шумо дар ҳақиқат хурсанд шавад, дар бораи пардохти як сессияи истироҳатӣ дар ягон истироҳатгоҳ фикр кунед. Ин як шакли нишон додани ғамхорӣ нисбат ба мардест, ки дар назди шумо қадру манзалати хоса дорад. Бовар кунед, аз дасти зан роҳхат ба ин ё он истироҳатгоҳро гирифта, мард аз ӯ миннатдор хоҳад гашт.
Чипта барои консерт ё бозиҳои варзишӣ
Роҳи беҳтарини шод кардани мухлисони мусиқӣ ва гурӯҳҳои варзишӣ чиптаи консерт ё бозиҳои пурҳаяҷон аст. Марди шумо ошиқи сурудҳои дилошӯбу мусиқии ҷаззоб бошад, чиптаи барномаҳои консертиро харидорӣ намуда,барояш тӯҳфа кунед, агар ба варзиш майл дошта бошад, ширкат дар ягон чорабинии варзишӣ барояш гуворо хоҳад гашт. Барои хотирмонтар гузаштани лаҳзаҳо метавонед худатон ҳам соҳибҷашнро ҳамроҳӣ карда, бо ӯ дилхушӣ намоед.