Arzon march 2024
Ба хонаи шавҳарам баргардам ё не?
06.09.2024
МАВЗУНА
1395

 

Салом! Мавзуна ҳастам, 23 сол дорам. Мехоҳам қиссаи зиндагиамро ба шумо нақл карда, маслиҳат бипурсам.

Ману шавҳарам бо ишқу ошиқӣ хонадор шудем ва ҳоло соҳиби як духтарчаем. Азбаски шавҳарам духтари хушкардаи модарашро ба занӣ гирифтан нахостааст, хушдоманам аз рӯзи аввал маро ҳеҷ дӯст надошт, ки надошт. Ба ҳар як корам эрод мегирад, таъна мезанад, диламро меранҷонад. Ростӣ, ду сол тоқат кардам, вале нашуд.

Як рӯз духтарчам бемор шуда, табаш бисёр баланд шуд. Азбаски модар ҳастам, аз саломатии фарзандам ба ташвиш афтода, ашк рехтам. Хушдоманам аз ин корам ба хашм омада, “як таб будааст, ту чаро худатро ин қадар ба девонагӣ задаӣ...” гӯён, ба сарам ситеза кард. Аламам омаду гуфтам, ки охир ин кӯдак аст, агар ба духтур набарем, ягон ҳодисаи нохуш рӯй доданаш мумкин аст. Ин гапро шунида модаршӯям қариб девона шуд ва “аслан ман туро келин карданӣ набудам, вале модарат писари маро илму ҷоду кард. Дар падари модару падарат лаънат...“ гӯён, ҳақоратборонам кард.

Дигар тоқат накарда ба шавҳарам занг задам ва ҳодисаро нақл карда, гуфтам, ки аз ҷонам сер шудаам, дигар сабу тоқат надорам. Азбаски шавҳарам дар Русия буд, гиряву нолаи маро шунида гуфт, ки ин тавр бошад, ба падару бародаронат гӯй, ки омада туро ба хонаатон баранд. Ба падарам телефон кардам. Вақте пайвандонам омада маро ба хонаи худамон бурданӣ шуданд, хушдоманам дар қади кӯча ба қавле кинои бепул намоиш дода, бо овози баланд маро бероҳаю бадгашт хонд ва “дафъ шав аз хонаи ман, пою қадаматро аз ин хонадон канда, дигар набиё” гӯён, дар назди ҳақу ҳамсояҳояш шармандаам кард.

Чанд моҳ шуд, ки дар хонаи волидонам ҳастам. Шавҳарам дар мулки рус бемор шудааст. Мегӯяд, ки пули чипта харида ба Ватан рафтан надорам, ту худат духтарчаамонро гирифта ба хона баргард.

Шавҳарамро дӯст медорам ва намехоҳам зиндагиам вайрон шавад. Намехохам духтарчаам бе падар калон шавад, вале дубора ба хонаи хушдоманам баргардам, боз маро таъна мезанад, ки беномус, дар хонаи падару модарат нағунҷида, боз ба хонаи ман зорӣ шудӣ-ку! Барнагардам, шавҳарам хафа мешавад.

Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД