Sebiston new 2024 october
Ба кӯдаки гӯшдард чӣ гуна кӯмак кунем?
794

Модар будан лаззати гуворо дорад, аммо ҳар навзод бо овардани шодӣ ба хонадон боз бо худ саргардонию изтиробҳо меорад.

Тифлакон бисёр нозук буда, аз шамоли суст ҳам озор ёфта, ягон ҷояшро нороҳат мекунад. Дардҳои маъмулие, ки навзодон ба он гирифтор мешаванд, гӯшдард, дамиши шикам ва ё дарди гулӯ аст. Онҳо ҳарчанд гузарандаанд, аммо то сиҳатшавии тифлак дили модар озор меёбад. Ин лаҳзаҳои гирякунии тифлакон барои модар соатҳои душвортарини ҳаёташ ба ҳисоб меравад.

Гӯшдард дар бисёр навзодон дидиа мешавад. Махсусан, кӯдакони то 5-сола ба ин дар зиёдтар гирифтор мешаванд. Гиряи кӯдак дар ин вақт ниҳоят зиёд ва баланд мешавад, ки кас дасту по хӯрда, ба фарзандаш чӣ гуна ёрӣ расониданро намедонад.

Аз ҳамин хотир, мо қарор додем ҷиҳати расонидани ёрии аввалин ба кӯдак ҳангоми гӯшдард ба волидони ҷавон, махсусан, модарон чанд маслиҳати судманд диҳем:

  1. Бештар шамол кашидани узви шунавоӣ, рафтани ягон ашёи хурд ё моеъ ба гӯши кӯдак, даромадани хомӯшак ё ҳашароти дигар, ҳамчунин, сахт зарба хӯрдани ин узв боиси пайдо шудани дарди шадиди гӯш ва гиристани тифлакон мегардад. Барои он ки ба фарзандатон ёрӣ расонед, шумо бояд пеш аз ҳама сабаби дард кардани гӯши кӯдакро аниқ кунед.
  2. Агар гӯши кӯдак шамол кашида бошад, бо воситаи дорую даво ба ӯ кӯмак расонидан мумкин аст, вале дард шадид ва сабабаш зарба хӯрдан ё ягон мушкили ҷиддии дигар бошад, ба “Ёрии таъҷилӣ” занг занед.
  3. Кӯдак шабона афтода, гӯшаш зарб хӯрда бошад, то саҳар интизор шудан лозим нест. Дар чунин ҳолатҳо новобаста ба он ки соат чанди шаб аст, ҳатман кӯдакро ба духтур баред. Кӯдакро дар дастатон рост нигоҳ доред ва то расидан ба беморхона ё бунгоҳи тиббӣ кӯшиш кунед, ки сарашро бисёр наҷунбонад.
  4. Пардаи гӯши кӯдак кафида бошад, ба ҳеҷ ваҷҳ хуни гӯшашро бо чӯбчаи пахтадор ё ашёи дигар тоза накунед. Аз бетаҷрибагӣ шумо метавонед ба кӯдак бештар осеб расонед. Дар чунин ҳолат ҳарчи зудтар ба духтури лор муроҷиат кардан лозим аст. Табиб хуну зардоби гӯши тифлакро бо асбоби махсус тоза карда, ёрии зарурии тиббиро мерасонад ва шунавоии кӯдак дубора барқарор мегардад.
  5. Гӯши тифлак танҳо шамол кашида бошад, вале зардоб наравад, ба гӯшаш компресс бастан мумкин аст, вале аз гӯши кӯдак зардоби тираранг ва ё хунолуд резад, компресс қатъият манъ аст.
Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД