sebiston july new
Ба гоҳворабандон чӣ мебаранд?
551

 

Гавҳорабандон яке аз маросими хубу зебои тоҷикон аст. Ин маросим имрӯз дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба чаҳорчӯба даромадааст.

Дар тамаддуни Шарқ анъана аст, ки кӯдакро дар гавҳора мехобонанд. Ба ин хотир, ҳамин, ки тифлак ба дунё меояд, барояш гаҳора мехаранд. Бо ҳамроҳии гавҳора тахтпуштак (курпаи даруни гавҳора, ки ба андозаи махсус дӯхта шудааст), дастбанд (дуто), рӯйпуши гавҳора ва дигар лавозимоти зарурӣ барои гавҳора меоранд.

Рӯйпуши гавҳора хуб мешавад, ки дуто бошад: яке матои тунуки пахтагини сафед ва дигарӣ барои рузҳои сард, яъне ғафс ва пахтагин.

Ғайр аз гавҳора, инчунин, аробачаи кӯдакона,ҷевони махсус, тағора барои оббозӣ, ки шакли махсусро дорад ва барои оббозӣ даровардани кӯдак кӯмак мекунад, харидорӣ намудан лозим аст. Дар рӯйхати харид, инчунин, қуттии доруворӣ, ки барои нигоҳубини кӯдак зарур аст, ҳамроҳ намудан лозим мебошад.

Модаркалонҳои бо ҳавас барои наберачаи дилҷӯяшон кӯрпача барои зери гавҳора ва кӯрпаи рӯи кӯдакро, ки барои се-чор солагиаш истифода мешавад, бо дастони худ медӯзанд. Одатан, мувофиқи анъана ҳамаи ин лавозимотро бибию бобои модарии кудак харидорӣ мекунад ва бо кулчаю ширинӣ оварда, кӯдакро дар хонаи падараш мемонанд.

Ғайр аз асбобу анҷоми тифлак, ичунин, ба модар низ аҳаммияти хоса зоҳир намудан ба мақсад мувофиқ аст, чунки мисли навзод модараш низ нозуку ниёзманди ғамхорӣ аст.

Барои саломатии ҳам модару ҳам кӯдак занро аз назорати духтури генеколог ва момотолог гузаронидан лозим аст. Чун дар баъзан маврид шири табиии модар ба организми кудак “намефорад”, ки онро пешгирӣ намудан лозим аст. Давоми се соли аввали таввалудшавии кӯдак ҳам барои модар ва ҳам барои навзод хеле муҳим аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД