Ман дар колеҷи тиббӣ таҳсил мекунам ва чун ба гуфти ҳамсояю ҳамдеҳагонам духтари “чор кас медидагӣ” ҳастам, ба қавле талабгоронам зиёданд. Аммо ман ҳоло шавҳар карданӣ нестам ва мехоҳам таҳсиламро дар мактаби олӣ аз рӯи ихтисоси худ идома диҳам.
Модарам бошад, ду пойро ба як мӯза тиққонда истода мегӯяд, ки майлаш хон, вале аввал шавҳар кун. Ба гуфти ӯ, дар шаҳр духтарони бешавҳар гӯё бероҳа мешуда бошанд.
Он касе, ки мехоҳад модарам маро ба шавҳар диҳад, дар Душанбе, дар курси охирини Донишгоҳ таҳсил мекунад. Ман ӯро мешиносам, зеро ҳамдеҳаи худамон аст ва ба назар бачаи хуб ҳам менамояд. Аммо то ҳол мо бо ҳамдигар рӯ ба рӯ суҳбат накардаем.
Агар мабодо ман ба гуфти модарам розӣ шуда, ба шавҳар барояиу ӯ баъд аз никоҳ гӯяд, ки не дигар таҳсил намекунӣ, ҳамаи орзуҳои аз кӯдакӣ парвардаам барбод мераванд.
Намедонам чӣ кор кунам ва муҳтоҷи маслиҳати дигарон ҳастам.
Нигора МАҚСУДОВА, ш. Панҷакент