Агентии бо кортаъминкунӣ дар хориҷаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо нашри як эълон дар Телеграм шахсонеро, ки нияти ба Арабистони Саудӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан доранд, ба сӯҳбат даъват намудааст.
Пагоҳ, 27-уми феврал, соати 10.00 дар Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа вохӯрии намояндагони ширкати”Арко”-и Арабистони Саудӣ бо шахсоне доир мегардад, ки мехоҳанд дар ин кишварми арабӣ кор пайдо намоянд. Ширкати мазкур омода аст муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро ба сифати пешхизмат бо шартҳои зерин ба кор бигирад:
- Синну сол: аз 21 то 35 сола
- Донистани забони англисӣ ё арабӣ
- Надоштани доғи судӣ
Музди меҳнат: 2500 риёл
Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Лоҳутӣ 108.
Телефонҳо барои тамос:
221-39-67, +992-55555-10-80, 987-90-66-66, 93-093-49-94, 93-435-51-93 ва 918-888-679