Arzon march 2024
Ҷазои ҷоҳил Қисми 2
20.10.2022
Дилошӯб
1725

Саиду Саида қад кашида, ҷавонмарду духтари нозанине шуданд, ки аз рӯяшон чашм канда намешуд. Саид ба донишгоҳ дохил шуду Саидаро як оилаи хуб келин карданд. Бародарону апаҳояш барояш ҷиҳози беҳтаринро омода карданд, вале рӯзи тӯй Гулнигор корашро кард. Ӯ аз рашку алам куртаи чакани арӯсии Саидаро тавре даронд, ки дигар духтааш намешуд, кафшҳои заринашро ҳам.

Чӣ қадар ашк рехт арӯсаки бе падар, ӯ бо куртаи кӯҳна ва кафшҳои нимкуҳнаву чиркини духтари ҳамсояашон ба хонаи бахташ қадам монд. Ҳама медонистанд, ки ин кори кист, вале модар намегузошт, ки касе пишаки дуздакро пишт гӯяд. Зеро дар ҷанги шаҳрвандӣ се бародарашро кушта буданду намехост бо акаи ягонааш, ҳарчанд ноодаму ҳаромхӯру ҷодугар буд, ногап шавад.

Ин пуштигириҳо Гулнигорро шерак мекарданд. Ӯ акнун ҳазор ҳазор сомонӣ медуздиду чӣ гунае, ки дилаш мехост, хонаашонро талаву тороҷ мекард.

Саид донишгоҳро хатм карда, аз рӯйи тахассус кор накарда, ба тиҷорат даст зад ва кораш барор ёфт. Духтари зебои ҳамдеҳаашро, ки аз панҷ панҷааш ҳунар мерехт, ба занӣ гирифту хонаи дуошёнаи зебое сохта, ба он ҷо кӯчид, то ба хонаи нав кӯчидан Гулнигор зани ӯро низ хуни ҷигар кард. Саида низ зани хушбахт, соҳиби чор фарзанди нозанин буду кайҳо ҳаромиҳои янгаи ношудашро бахшида буд. Ҳама фарзандони кампири Хумор зиндагии ширину шоиста доштанд, ғайри Баҳрин ва Баҳрин бо маслиҳати рафиқонаш зан гирифт, пинҳонӣ аз Гулнигор.

Пойҳои Гулнигор вақтҳои охир дардманд шуда, варам мекарданду кап-кабуд мешуданд, ягон духтур сабаби беморияшро наёфт ва оқибат аввал пойи чап ва баъд пойи росташро аз рон буриданд. Аммо дар ҳамин ҳолат ҳам зану фарзанд доштани шавҳарашро фаҳмида, исёне барпо кард, ки ногуфтанӣ…

-Биёр беваи ҷалабата, биёр то девонаҳоятро бонӣ кунад,- девонавор фарёд мезад ӯ.

Кампири Хумор бори аввал дар умраш келинашро сарзаниш карда гуфт:

-Чаро девонаҳои вай будаанд?! Оё «беваи ҷалаб» инҳоро ба дунё овардааст?! Бахилӣ, ҷаҳолат, беимонии ту фарзандонатро дар батнат ба мусибат гирифтор кард, акнун хомӯш бош, зеро бо инҳо, ки дар як нишастан мисли даҳ кас хӯрок мехӯранд, дар ягон ҷо ҷой намеёбӣ.

Баҳрин баъди бе пой мондани Гулнигор Марҳаборо ба хонааш овард.

Бо омадани ин зани покизакору хушҳунар хонаву дар рангу рӯи дигар гирифтанд, фазои хона дигар шуд. Дигар фарзандони кампири Рухсор янгаашонро бад мебинанд, фақат Саиду Саида зуд-зуд ӯро ба хонаашон бурда, як ҳафта, баъзан як моҳ бо фарзандонаш нигоҳубин мекунанд.

Саид дар пойтахт ҳам хонаву дар дорад ва гоҳе янгаашро ба Душанбе ҳам меорад.

Худованд чӣ бузург аст ва ягон бадию некии мо аз ӯ пинҳон намемонад, ба ҳамин хотир, дар ин умри дурӯза бояд бидуни рашку ҳасаду ҷаҳолат зиндагӣ кунем…

Риштаи хаёлоти кампири Рухсорро садои Марҳабо канд, ки мегуфт:

-Амма чӣ пазам?

Чизе мепазӣ, паз бачам,- гуфт дар ҷавоб кампир ва сари аз хаёлҳои зиёд вазнин гаштаашро боз ба болин монд…

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД