-Духтарам, худат медонӣ, ки хушдоманат як бевазан ва шавҳарат ятимбача аст. Нашавад, ки баъди тӯй “ман духтари раис ҳастам ва як умр дар хонаамон гули чизро хӯрда мегаштам” гуфта, шавҳаратро азоб диҳӣ ё онҳоро паст зада, каттагӣ кунӣ, ки шумо камбағалу мо сарватмандем.
Дониста бош, агар ягон рӯз шунавам, ки ту нисбати шавҳару хушдоманат ё касе аз аҳли оилаи онҳо беэҳтиромӣ кардаӣ, сахт хафа мешавам ва ҳаргиз туро намебахшам. Дуои неки маро мехоста бошӣ, хонаи шавҳаратро маҳкам дор, нони қоқ хӯранд, ҳамроҳашон нони қоқ хӯр, гурусна шинанд, ту ҳам гурусна гард, лекин сирру асрори зиндагиатро пеши касе фош макун. Шунавам, ки сирру асрори хонаи шавҳаратро берун баровардаӣ, дигар ту фарзанди ман нестӣ...”
Хулоса, бо ҳамин насиҳатҳо падарам маро ба Амирҷон никоҳ карда дод ва тӯйи пуршукӯҳе ороста, ба хонаи бахтам гусел кард...
Рӯзи сиёҳи духтари раис
Аз рӯзҳои аввали ба хонаи шавҳарам рафтанам ман чӣ қадар душвор будани дарди камбағалӣ ва азоби зиндагии вазнинро фаҳмидам. Амирҷон нав донишгоҳро хатм карда омада буд ва маоши ночизе мегирифт, ки ба роҳпулии худаш базӯр мерасид.
Моҳҳо рӯйи гӯштро намедидем, баъзан чунин мешуд, ки шикамам нони сериро намедид, лекин панди падарамро дар гӯш гирифта, ба касе сир бой намедодам. Дили модарам ба ҳоли мо сӯхта, чанд бор хӯрданиҳои гуногун равон кард, вале шавҳарам “мардум ба ҳоли мо механданд, ки нони хӯрдан надоранд, ба модарат гӯй, ки дигар орду равған ва картошкаю пиёз набиёрад, охир мо гадо нестем-ку!”-гӯён норозигӣ кард ва барои он ки ин гап ба гӯши падарам расида, ҳам аз ману ҳам аз модарам асабӣ нашавад, бо нармӣ ба модарам фаҳмондам, ки ба чунин ғамхорию дилсӯзӣ ниёз надорем...
Сағера бой шуду аз худ рафт
Ҳамин тавр панди падар дар гӯш ман ба тамоми душвориҳо нигоҳ накарда, зиндагиамро бо Амирҷон идома додам ва мо соҳиби фарзандони гул барин зебо гаштем. Дар ин миён бо кӯмаки падарам шавҳарам соҳиби вазифа гашта, кордаш болои равған гашт. Пас аз мансабдор шуданаш вай тамоман одами дигар шуда монд.
Назараш дигар касеро намегирифт. Ҳис мекардам, ки занбозӣ мекунад, зеро бо ҳар баҳона шабҳо ба хона намеомад ва чун бармегашт, ҳатман дар либосаш мӯйи сари бегона ва бӯйи атри занонаро ҳис мекардам. Оташи рашк маро дарун ба дарун месӯхт, аммо намедонистам дарди диламро ба кӣ гӯям. Забони ғару дузд дароз гуфтагӣ барин, шаб куҷо будед гуфта пурсам, шавҳарам қиёматро қоим мекард, ки хонаву дар дорӣ, фарзанд дорӣ, шикамат гурусна нест, чаро боз ба ман мечаспӣ. Корат чист, ки ман бо кӣ мегардаму дар куҷо мегардам, куҷое, ки равам-наравам, боз назди туву фарзандонат меоям-ку!
Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, маъшуқаҳои шавҳарам ба хона занг зада, як алами маро сад алам мекарданд. Намедонистам сарамро ба куҷо занам, чунки аллакай фарзандонамон ба камол расида, оиладор буданд ва барои ман ягон роҳи бозгашт намонда буд. Намехостам дар дами пирӣ аз шавҳарам ҷудо шуда, ангуштнамои мардум гардам. Шавҳарам сабаби занбозиашро ба таври худаш шарҳ дода мегуфт, ки Худованд ба ҳар як марди мусалмон то 4 зан гирифтанро иҷозат дода, марде, ки 2-3 зан мегирад, кори савоб мекунад. Оташи ғазабам аланга зада, баъзан дод мезадам: “Хайр шумо, ки савоби онҳоро мегирифта бошед, савоби маро кӣ мегирад, охир ман ҳам зан ҳастам ва дилам меҳрубонию навозиш мехоҳад...”
Шавҳарам “ту пир шудӣ, занак” гӯён, даст меафшонд. Пир шудани ман, ки ҳанӯз 50-сола ҳам набудам, ба назараш менамуду мӯйи сафеди худаш, ки дар синну сол аз ман калонтар буд, ба назараш наметофт.
Фоҷиаи ҳоҷии занбоз
Писаронам ба хотири аз роҳи зино баргардонидани падарашон аз ҳисоби худ ману шавҳарамро ба зиёрати Хонаи Каъба фиристоданд, вале ҳатто ҳоҷӣ шудан низ пеши роҳи занбозии ин марди булҳавасро гирифта натавонист. Ҳамон рӯзе, ки ба шарафи баргаштани мо аз хонаи Худо фарзандонам маърака оростанду хона пур аз одамони ба зиёрати ҳоҷиён омада буд, шавҳарам чашми ҳамаро хато карда, ба хонаи як маъшуқааш рафтааст.
Намози шом шуду аз ӯ дарак нашуд. Писаронам хавотир шуда, ба ҷустуҷӯйи падарашон афтиданд. Онҳо аз афташ ба назди кӣ рафтанашро пайхас карда будаанд, ки рост хонаи ҳамон зан рафтаанд. Маъшуқаи шавҳарам дар ҷавоб гуфтааст: “Падаратон дар ҳақиқат ба назди ман омада буд, хӯрока харида овард ва тӯҳфаҳои аз ҳаҷ овардаашро ба ман доду се-чор соат дам гирифта, баъд баромада рафт...”
Хулоса, шавҳарамро чаҳор шабонарӯз ҷустуҷӯ карда, оқибат мо ҷисми беҷонашро аз дарё пайдо кардем. Ҳоҷии занбоз бо мошинаш ба дарё паридааст. Намедонам ин тасодуф буд ё амри қисмат, вале шахсан ман фикр мекунам, ки Худованд барои зинокориаш шавҳарамро чунин ҷазо дод.
Мурдаро бадгӯӣ кардан хуб нест ва ман ҳам падари фарзандонамро бад карданӣ нестам, вале ба он хотир қиссаи сарнавишти худро нақл кардам, ки ба дигар оилаҳо дарси ибрат шавад ва мардон қадам ба роҳи хиёнату зино нагузоранд.
Бародарону хоҳарони азиз! Зино аз зумраи бадтарин гуноҳон ба шумор рафта, Худованд зинокоронро лаънат кардааст. Пас, ба зану шавҳари каси дигар чашм ало накунед ва аз зино дур бошед, чунки Худованд ҳар як қадами бандагонашро мебинад ва ягон гуноҳро бе ҷазо намемонад.