Саодат як лаҳза дар ҷояш шах шуд, вале овоз набароварда, худро ба бари ҷевоне, ки дар роҳрави хонаи хушдоманаш меистод, ҷафс гирифта, ба суҳбати онҳо гўш дод.
- Не бачем, фишори хуни ман баланд, бо кўдаки хурд наметавонам,-гуфт хушдоманаш.
Ҳамин вақт овози омиронаи хонуми дигаре баланд шуд:
- Ман ҳам бачаи зиёдатӣ надорам, ки омада, зери фишори шумо зиндагӣ кунам.
Басир бо оҳанги илтиҷо гуфт:
- Осияҷон, ман фардо рухсатии меҳнатӣ мегирам, ҳамроҳ аввал ба хонаи шумо меравему баъд ба ягон ҷо барои дамгирӣ, ҳамин ки баргаштем, аз пайи ҳалли ин масъала мешавам.
Саодат мунтазири анҷоми ин суҳбат нашуда, «паноҳгоҳ»-ашро тарк кард. Ў ба кўча баромада, нафаси озод кашид ва зуд ба як дугонааш, ки дар маркази яке аз вилоятҳо кору зиндагӣ мекард, занг зада, гуфт:
- Барои ман як хона ёб, хонаамро фурўхта, ба назди ту меоям.
Матлуба дар як ширкати машҳур кор мекарду доим дугонаашро, ки ҳангоми донишҷўӣ як ҷо буданд, наздаш даъват мекард. Ў мегуфт, ки дар ширкати мо мутахассисони мисли ту чун боду ҳаво намерасанд. Вақте Матлуба пурсид, ки “ту ҳамроҳи шавҳарат меоӣ?”. Саодат худашро дошта натавониста, гиря кард ва тамоми ҳодисоти ба сараш омадаро нақл намуд. Барои Саодат ин амали хушдоману шавҳар бисёр дардовар буд. Охир, ў хушдомани дағалу номеҳрубонашро зиёд дўст медошт. Аз шавҳараш ку ягон чиз намехост, вақте гап дар бораи фарзанд мерафт, Басир мегуфт, ки аввал хонаву дари кушодтар харем, он гоҳ дар бораи фарзанд фикр мекунем, ҳоло дер нашудааст.
Саодат ба хона омада, ғалаёни дилашро фурў нишонда, хўрок пухт ва ҳамсарашро интизор шуд. Басир омад ва гўё чизе нашуда бошад, ўро ба оғўш гирифту бўсид ва сари дастархон гап кушод:
- Занак, намешавад, ки хонаро фурўшему тиҷорат оғоз кунем, як идеяи нағз ҳаст, дар муддати кутоҳ хонаи кушодтар мехарем. Агар корам ривоҷ нагирад ҳам, пуламон намесўзад ва ҳамин гуна хонаи тангак мехарем.
Саодат идомаи суҳбатро медонист ва розӣ шуд. Чашмони Басир аз омади кор барқ заданд ва илова кард:
- Ман аз ҷойи кор якмоҳа сафари корӣ дорам, ту харидор кофтан гир, азизам.
Саодат базӯр худро дошта, ба ин таклифи ҳамсараш низ розӣ шуд.
Рўзи дигар зан воқеан ба ҷустуҷўи харидор сар карда, ба шабакаҳои иҷтимоӣ эълон дод ва харидорон ҳам зуд пайдо шуданд. Як ҷавонмард хонаро барои падару модари пираш харидорӣ намуд.
- Апаҷон, падари ман баъди марги модарам чор писарро худаш танҳо ба воя расонида, соҳиби маълумоти олӣ ва хонаву дар кард, имрўз мо қарзи фарзандиямонро адо кардем. Як зани бефарзандро барои ў хостгорӣ карда, дар синни шаступанҷсолагияш хонадор намудем, ин хонаро барои падараму занаш мегирам. Бигузор падарам дар охири умр давлати пирӣ бинад. Мо албатта аз ҳолу аҳволаш хабар мегирем, тамоми шароитро барояш муҳайё месозем, вале ҳозир барои ў оромӣ сахт зарур аст,- нақл кард ҷавонмард ҳангоми пули хонаро додан.
“Дар дунё одамони бовафо ҳам будаанд” гуфт дар дил Саодат ва аз хонааш танҳо либосҳояшро гирифта, ба назди дугонааш рафт. Ба суд барои ҷудошавӣ ариза навишт. Дар шаҳри зебои сабзу хуррам бо пули доштааш духонагии зебоеро харидорӣ кард, ҷойи кори хуб ҳам ёфт. Акнун ў тасаввур мекунад, ки Басир аз «сафари корӣ» баргашта, ба чӣ авҳол гирифтор мешавад.
Рухсора САИД