Саодат шавҳарашро ба кор гусел карда, хост ками дигар хоб равад, зеро ба рухсатии меҳнатӣ баромада буду мехост дам гирад. Субҳи барвақт ба кор рафта, то бегоҳ назди компютер ба ҳисобу китоб машғул мешуд ҷавонзан. Ҳеҷ гоҳ аз хоб сер намешуд, кораш аз мўйи сараш зиёд буд, ҳамсараш ҳам кор мекард, вале пулаш ба роҳпуливу хўроки нисфирўзияш базӯр мерасид. Саодати бечора маоши зиёдтар мегирифт ва бори зиндагӣ ба шонаҳои нозуки ў бор буданд. Хоб куҷо?
Хушдоманаш занг зада, аз ў хоҳиш кард, ки омада, пардаҳояшро овезон кунад:
- Саодатхон, зуд бошед, ман кайҳо пардаҳоро шустааму овехта наметавонам, худат хуб медонӣ, ки миёнам дард мекунад ва аз уҳдаи ин корҳо намебароям…
Хушдоманаш Фотимахон як умр табиб буд, ҳоло дар нафақа аст, аммо беморонро дар хонаи сеҳуҷрагии барҳавояш қабул карда, пули хуб меёбад. Як писари дигар ҳам дорад, аммо келини калониро дўст намедорад. “Бо кўдаконаш омада, ҳама ҷоро расво мекунад“ мегўяд хушдоманаш. Набераҳояшро ҳам ба хонааш даромадан намемонад. Ў ду писарро баъди фавти шавҳараш танҳо ба воя расонида, зан доду хонаҳояшонро ҷудо кард, аниқтараш барои писари калонияш як хонаи якҳуҷагӣ хариду ба Саодату Басир “дар хонаи иҷора зиндагӣ кунед, баъд пул ҷамъ карда, хона мехаред” гўён, баъди тўй гусел кард.
Волидони Саодат ба Русия рафтанду хонаи аз модаркалонаш меросмондаро ба духтарашон бахшиданд. Падару модари Саодат як писару як духтар доранд, вақте шаҳрванди Русия шуда рафтанд, хонаи худашонро ба номи додараш ва хонаи бибияшро ба номи Саодат карданд. Басиру Саодат ба хонаи дуҳуҷрагии тозаю озодаи модаркалони раҳматияш кўч бастанд.
- Оча, ҳозир фирмаҳое ҳастанд, ки пардаҳоро шуста, оварда меовезанд, боз тирезаҳоро ҳам мешўянд, ҳамонҳоро ҷеғ занед чӣ?,- ба хушдоманаш маслиҳат дод Саодат, ки намехост чеҳраи ҳамеша норозии хушдоманро бубинад. Вале бо ин гуфтааш сари бебалояшро дар бало гузошт:
- Ту тирмизак ба ман маслиҳат надеҳ! Ман умрамро фидо карда, фарзанд калон кардам, барои ҳамин рўз?! Мани нафақахўр аз куҷо пул дорам, ки ба пардашўй диҳам…
- Майлаш очаҷон, онҳо тозатар мешўянд гуфтам,- аз маслиҳати додааш пушаймон гуфт Саодат ва илова кард:
- То бегоҳ равам, мешавад?
- Мешавад!,- бо садои баланд гуфт хушдоманаш ва телефонро дар рўйи келинаш кушт.
Саодат баъди каме хоб рафтан ҳасибу панир гирифта хўрду ба хонаи хушдоманаш раҳсипор шуд. Чун ба назди бинои истиқоматии хушдоманаш расид, мошини шавҳарашро дида, ҳайрон шуд. “Наход Басир ҳам пардаовезӣ омада бошад?”,- аз дил гузаронд ҷавонзан ва ба даруни бино ворид шуда, ба ошёнаи сеюм баромад. Дари хонаи хушдоманаш кушода буду он ҷо аробачаи кўдакбарие гузошта шуда буд. “Тавба, ин аробача ин ҷо чӣ кор мекунад ё аз ҳамсоя бошад?”,- ба худаш савол дод ҷавонзан ва ҳанӯз ба хона надаромада, алакай аз роҳрави хона овози шавҳарашро шунид, ки ба модараш мегуфт:
- Оча, ҳамин ду ё се моҳ Осия бо писарам инҷо зиндагӣ мекунанд, баъд ман як бало карда, Саодатро розӣ мекунам, ки хонаро фурўшаду пулашро ба ман диҳад. Ман барои писарам хона мехарам ва он тарафашро баъд фикр мекунем.
(Давом дорад)
Рухсора САИД