Ҷазои кампири ғайбатчӣ
09.11.2025
Oila.tj
483

Мо дар як корхонаи калон кор карда, дар як шуъба чанд нафар мешинем. Ба ҳамдигар гоҳ-гоҳ дарди дил карда, дар бораи мушкилоти зиндагиамон мегӯем, то бо маслиҳати якдигар ягон чораи хуб ёбем.

Холаи Шарафбегим, фарроши идораамон мудом гӯш ба қимор меистод, ки мо чиҳо мегӯем. Гапгӯшкуниаш писандамон набошад ҳам, хотири мӯйи сафедаш чизе намегуфтем, вале ин кампир рафта-рафта аз ҳад гузаронд.

Густохона ба миёни гапамон лагад зада ба ҳар корамон бинӣ халонданаш дар диламон заду гуфтем: «Хола, шумо кори дигар надоред, ки рӯзи дароз гапи моро гӯш карда менишед?! Вазифаатон фаррошӣ бошад, коратонро, ки тамом кардед, ба хонаатон равед-дия ! Дар кабинети мо касе ош пухта шуморо наталбидааст, ки гапчинӣ карда шинед!».

Кампир ранҷида, зери лаб ким-чӣ гӯён, баромада рафт. Хаёл кардем, ки бо ҳамин ҷонамон халос шуд, вале рӯзи дигар ба корхона омада, кинои бепулро дидем.

Фаррош аламашро бо роҳи дигар гирифта натавониста, сирру асрори зиндагии ҳар кадоми моро дар коргоҳ овозаю дарвоза кардааст. Байни худашон пичир-пичиркунон «Сайрам шавҳарашро писанд намекардааст, Марями таърифӣ хушдоманашро мезадааст, Айниддин ҳар рӯз занашро мезадааст, Расул занкалон будааст» гуфтани коргарони дигар шуъбаҳоро шунида, фаҳмидем, ки кампири шаттоҳ моро ба дигарон бадгӯӣ карда гаштааст. Ҳамаамон якҷоя шуда, ба назди роҳбари кули корхона даромадем ва буду шуди гапро ба раис гуфтем. Барои паст задани шаъну шарафи коргарон раис фаррошро аз кор озод кард. Ҷазои кампири суханчин ҳамин аст!

МИЖГОНА, ш. Душанбе

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД